Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Олвия

Шахри Олвия

Олвия, шахр— давлати атикаи гуломдориест, ки дар со­хили рости лимани Буг вокеъ буд; номи дигараш Борисфен (аз номи юнонии дарёи Днепр). Димнаи Олвия назди дехаи хозираи Парутинои райони Очакови вилояти Николаев вокеъ аст. Аввали асри 6 то милод юнониёни шахри Милет асос гузоштаанд. Заминхои хар ду сохили Буг ва бисьёр дехахо ба Олвия тааллук доштанд.

Олвия дар ду остонаи дарё (шахри Боло ва Поён) вокеъ буд ва дар давраи авчи тараккияш такрибан 5 гектарро ташкил мекард. Шахр бо девори сангин мудофиавии бурчдор ихота гардида, дар кисми чанубиаш истехкоми иловаги—кухандиз дошт. Махаллахои шахр чоркунча ва ку­чахояш рост буданд; дар шахри Поён махаллахои хунармандон ва бандаргох вокеъ буд. Коркарди филизот, кулоли, заргари ва гайра таракки карда буд. Олвия бо кабилахои скифхои хамсоя муносибати тичорати дошт. Аз скифхо чорво, галла, пуст ва дигар озукавори гирифта, ба Юнон мефиристод.

Ба Олвия аз давлатхои Юнон шароб, равгани зайтун, маснуоти филизи, осори санъати бадеи ва ашёи зебу зинат меоварданд. Дар Олвия тангахои  нукрагину мисин ва баъзан тиллои мебароварданд. Хокимияти оли ба мачлиси халки ва шурои интихоби, хокимияти ичроия ба коллегияи мансабдорони интихобан хар сол ивазшаванда — архонтхо, стратегхо ва гайра тааллук допгт. Олвия дар сиёсати беруна мустакил буда, бо маркази давлат — Милет шартномаи махсуси дустона дошт, Соли 331 то милод Олвия хамрохи скифхои хамсоя хучуми кушунхои Искандари Макдуниро за­да гардонд.

Дар нимаи дуюми асри 3 — асри 2 то милод Олвия дучори бухрони сахт гардид, ки бо бухрони умумии системаи полиси ва кувват гирифтани душмании кабилахои хамсоя вобаста буд. Асри 2 то милод Олвияро шохи скифхои Крим забт кард. Асри 2 баъди аз давлати Понт шикаст _хурдани скифхо Олвия тобеи Понт шуд. Олвияро дар миёнаи асри 1 то милод кабилахои гетхо хароб карданд. Олвияи дар асрхои аввали милод баркароргардида хеле хурд ва ахамияти пештараи худро гум карда буд.

Асри 2 ба Олвия кушунхои Рим cap дароварда, аввали асри 3 он ба хайати музофоти Мёзияи Поёни им­перияи Рим дохил карда шуд. Эхтимол меравад, ки хаёт дар Олвия асри 4 катъ гардидааст. Дар Олвия аз соли 1901 мунтазам хафриёти археологи гузаронида мешавад. Худуди шахри ка­дима мамнуъгох эьлон шудааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …