Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Нижний Тагил

Шахри Нижний Тагил

Нижний Тагил, шахрест дар вилояти Свердлови РСФСР. Дар нишебии шаркии Урали Миёна, дар ду сохили дарёи Тагил вокеъ гаштааст. Стансияи рохи охан. Ахолиаш 398 хазор нафар (1979). Нижний Тагил яке аз марказхои калони саноати металлурги ва мошинсози дар Урал. Корхонаи мухимтарини шахр — комбинати металлургии Нижнетагил.

3аводхои вагонсози, тачхизоти гармкуни, пластмасси, инчунин корхонахои саноати сабук, хуроквори ва истехсоли масолехи бинокори мавчуданц. Нижний Тагил гази табииро ба воситаи газо­провод аз Сибири Гарби мегирад. Институти педагоги, филиали Институти по­литехникии Урал, техникумхои мо­шинсози, сохтмон, металлургияи кухи, савдои совети, индустриалию пе­дагоги, омузишгоххои тибби, педаго­ги, мусики, санъати амали, театрхои драма ва лухтак, музейхои кишваршиноси ва санъати тасвири дорад.

Нижний Тагил соли 1725 хамчун махалли ахолинишин бунёд ёфта, аз соли 1917 — шахр. Нижний Тагил бо ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст (1971).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …