Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Нагоя

Шахри Нагоя

Нагоя, шахр ва бандар дар Япо­ния. Дар кисми марказии чазираи Хон­сю, дар делтаи д. Кисо вокеъ гаштааст. Маркази маъмурии префектураи Аити. Ахолиаш 2083 хазор нафар (1975). Нагоя яке аз калонтарин узелхои наклиёт ва марказхои саноату молия, тичорату маданияти мамлакат. Дар Нагоя кариб 10% махсулоти саноатии мамлакат истехсол карда мешавад. Дар худи Нагоя ва шахрчахои атрофи он корхонахои саноати мошинсози (автомобил, самолёт, вагон ва киштисози, мошинхои дакик, электротехники, полиграфи), метал- лургияи сиёх ва ранга, инчунин корхонахои саноати хуроквори, полиг­рафия, химия, мебел, сафолу чинивори чойгир шудаанд. Нагоя— калонтарин маркази бофандаги (кариб 40% махсулоти бофандагии Японияро медихад). Дар шахр университети, 2 музей, бо­ги ботаники, боги хайвонот хаст. Аз соли 1957 метрополитен кор мекунад. Ёдгорихои меъмориаш: ибодатгохи синтоии Атсута (ибтидои милод), каср (1612), маъбади Тофукудзи (735), Маркази маданият (1959—1960) ва гайри Маркази кадимии шахр — махалли Нака, магистрали асосиаш — кучаи Сакаемати.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …