Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Мадрид

Шахри Мадрид

МАДРИД (Madrid) пойтахти Испания, калонтарин маркази сиёси, иктисоди ва мадании мамлакат. Шахри асосии музофоти Мадрид ва вилояти таърихии Кастилиян Нав. Мадрид дар миёнчои нимчазираи Пиревей, дар

пуштакухи Месета (баландиаш 650 м аз сохили бахр), дар хар ду сохили дарёи Маиса нарес вокеъ аст. Иклимаш субтропикии бахримиёназамини, тобистонаш хушки гарм. Харораташ миёнаи январ 4,9° С, июль 24,2° С. Боришоти солона 440 мм. Масохаташ — 607 км2 (масохати Мадриди Калон 1,2 хазор км2). Ба 18 нохияи маъмури таксим мешавад. Ахолии шахр бо атрофаш 3,2 млн нафар (2018 сол).

Мадрид

Мадрид— узели калони наклиёт. Аэропорти асосиаш Барахас. Дар Мадрид калонтарин идорахои молия ва намояндагии иттиходияхои монополистии Испания ва хорича вокеъ гаштаанд. Мадрид аз чихати истехсоли махсулоти саноат баъд аз Барселона дар чои дуюм буда, зиёда аз хиссаи махсулоти умумии мамлакатро медихад. Сохахои мухим — мошинсози ва коркарди, металл, махсусан истехсоли воситахои наклиёт, тачхизоти энергетики, электротехники ва электрони, саноати харби, асбобсози. Аз сохахои саноати сабук бештар пойафзолдузи ва дузандаги таракки кардааст. Корхонахои саноати хуроквори, чубгари, бофандаги, полиграфия низ мавчуданд. Корхонахои саноати асосан дар махалхои Карабнпчель-Альто ва Карабанчель-Бахо, Вальенас. Вильяверде, Викальваро, инчунин дар шахрчахои хаволии Мадрид—Хетафе, Аранхуэс, Алькала-де-Энарес чойгир шудаанд.

Дар Мадрид аз ёдгорихои меъмори ансамбли майдони Пласа Майор (1619), Касри шох (1738—64), Академияи шохии санъати нафиса «Сан-Фернандо» (1774 аз нав сохта шудааст) ва бисёр калисохо, маъбадхо, фавворахо ва г. боки мондаанд. Университет (аз 1508), Университети католики, Университети автономии Мадрид, Коллегиуми шохии Мария Кристина, Консерватория, Мактаби санъати драма, якчанд академияхо, чамъиятхои илми, институтхои тадкикоти илми, расадхона, боги ботаники, 18 китобхона, музейхо, театрхо ва г. мавчуданд. Аз соли 1919 метрополитен кор мекунад.

ДАР ХАРИТА

Дар асри 10 дар чои Мадрид Мачирит ном калъаи маврхо мавчуд буд. Соли 1083 арабхо дар чанг калъаро аз даст доданд ва соли 1118 Мадрид хукуки шахрро гирифт. Асрхои 14—15 кароргохи шохони Кастилия. Аз соли 1561 пойтахти мамлакат. Соли 1868 дар Мадрид гурухи Испании Интернационали I барпо гардид. Соли 1920 дар ин чо Партияи Коммунистии Испания таъсис ёфт. Дар давраи Чанги миллию революционии солхои 1936—39 Мадрид такьягохи асосии куввахои революциони буд. Мудофиаи кахрамононаи шахр аз фашистони исьёнгар ва интервентони Италияю Германия (ноябри 1936 — марти 1939) дар таърихи Чанги граждании Испания хамчун сахифаи дурахшон сабт шудааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …