Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СЪЕЗДХОИ СОВЕТХО

СЪЕЗДХОИ СОВЕТХО

first_congress_of_soviets_of_russia_1917

СЪЕЗДХОИ СОВЕТХО, органхои олии хокимияти давлатии СССР аз давраи ташкилшавии он (30 декабри 1922) то кабул шудани Конституцияи СССР (1936). Мувофики Конституцияи соли 1924 аз намояндагони Советхои хамаи республикахои советимувофики норма ташкил карда мешуд: баСоветхои шахри —4 депутат аз 25 хазор интихобкунанда; аз съездхои Советхои губернияви (вилояти, кишвари) ва республикави—1 депутат аз 25 хазор ахоли. Вакилони СъездиСоветходар съездхои Советхои губернияви (вилояти, кишвари) ва Республикахои автономи, дар,республикахои иттифокие, ки иттиходияхои губернияви (ва баъд вилоятию кишвари) надоштанд, бевосита дарСъездиСоветхои республика интихоб мешуданд.

Дохил кардани тагйирот ба Конституцияи СССР, кабули республикахои нав ба хайати СССР, муайян кардани асоси планхои перспективиитараккиётихочагиихалкиСССРвабучетидавлатииСССР факат ба СъездиСоветхотааллук дошт. СъездиСоветхорафти умумии фаъолияти хамаи органхои дазлатнро муайян ва Комитети Ичроиши Марказии (КИМ)-и СССР-ро ташкил намуданд. Комитети Ичроиши Маркази дар фосилаи съездхо органи олии Хокимияти Совети буд.

Солхои 1922—36 8 СъездиСоветхошуда гузашт, ки дар онхо масъалахои мухими конституциони, масъалахои сохти давлати сохтмони хочагию мадани, мудофиа, сиёсати беруни ва гайра мухокима шуданд.

Съезди 8-уми фавкулодаи Советхо Конституцияи СССР (1936)-ро тасдик намуд, ки мувофики он органи олии хокимияти давлатии СССР Совети Олии СССР мебошад.

Съезди 1-уми Советхои Точикистон (1926) баённомаи доир ба ташкили Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Точикистон, Съезди 2-юм (1929) Конституцияи Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Точикистон, Съезди 3- юми фавкулода (1929) карор ба Баённома дар бораи ба Республикаи Советии Социалиоти табдил додани Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Точикистон, Съезди 6-уми фавкулоддаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон (1936—1937) Конституцияи  Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистонро кабулкард.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …