Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ШВЕЙЦАРИЯ

ШВЕЙЦАРИЯ

ШВЕЙЦАРИЯ (нем. Schweiz, франс. Suisse, итал. Svizzera), Конфедерацияи Швейцария, давлатест дар Европаи Маркази. Масох. 41,3 хаз, км2. Ахолиаш 6423 хаз. наф. 1985 ахолии шахри кариб 60% Забонхои расми: немиси (65% ахоли), франсави (18%), италияви (12%); гурухи хурди швейцаригихо ба забони реторомани гуфтугу мекунанд. Пойтахташ ш. Берн. Швейцария республикаест иборат аз федерацияи 23 кантон (3-тои онхо ба нимкантонхо чудо шудаанд). Органи олии федералии хукумат — Мачлиси (иттифокии) дупалатагии федерали. Мачлиси иттифоки аз Совети милли (палатаи поён) ва совети кантонхо (палатаи боло) иборат аст. Сардори давлат ва хукумат — президент. Кисми зиёди мамлакат дар к-хои Алл (баландиаш то 4634 м, к. Дюфур) вокеъ гардидааст. Нохияи марказиро пахнкухи Швейцария, нохияи шим. гарбиро к-хои Юра фаро гирифтаанд. Иклимаш муътадили сернам. Боришоти солона 800—2500 мм. Дар худуди Швейцария болооби дарьёхои кухи — Рейн, Рона, Тичино ва кулхои Женева, Боден вокеанд. Дар к-хои Алп пиряххо (кариб 2 хаз. км2) хастанд. Бешазорхо (24%-и худуд), маргзорхои субалпи ва алпи мавчуданд.

shvetsariya

Дар ахди кадим дар худуди Швейцария ретхо ва гельветхо зиндагони мекарданд. Дар а 1 то м. сарзамини Швейцарияро римиён, дар а. 5 м. алеманхо, бургундхо, остготхо истило кардаанд. Аз а-хои 10—11 дар хайати «Империяи мукаддаси Рим» буд. Дар мубориза бо Габсбургхо дехконони озоди кантонхои беша (Швиц, Ури, Унтервальден) бо хам иттифок баста (1291), истиклолияти худро нигох доштанд (галабахои назди Моргартен, 1315, Земпах, 1386 ва р.); ривоятхо дар бораи В. Телл ва дит. кахрамонони халк, бо ин муборизахо вобастаанд. С. 1499 Швейцария дар амал аз империя чудо шуда истиклолият ба даст овард (дар асоси Сулхи Вестфалия, 1648). Швейцарияро бисьёр мамлакатхои чахон хамчун давлати мустакил эътироф намуданд. А-хои 14— 15 мамлакатхои Европаи Гарби аз Швейцария кушун киро мекарданд. Дар а. 16 шахрхои мутараккии иктисоди (Женева, Цюрих) маркази фаъолияти реформаторхо Ж. Кальвин, У. Цвингли буд. С-хои 1798—1803 дар худуди Швейцария республикаи Гельвеция мавчуд буд. Конгресси Вена (1814—15) сархади Швейцарияро муайян кард (ба хозирааш наздик буд) ва бетарафии онро кафолат дод. С-хои 30—40 байни куввахои феодалию клерикали ва буржуазия мубориза авч гирифт, ки он бо галабаи буржуазия ба охир расид. Дар асоси конституцияи соли 1848 Швейцария аз иттифоки ноустувори кантонхо ба давлати ягонаи иттифоки табдил ёфт. Дар а. 19— ибт. а. 20 Швейцария маркази мухочирати революциони ва демократи буд, дар Швейцария якчанд муддат В. И. Ленин зиндагони карда аст. Швейцария дар чангхои якум ва дуюми чахони бетарафиро нигох дошт. С. 1921 Партияи коммунисти (дар асоси он 1944 Партияи мехнатии Швейцария) таъсис ёфт. Бо СССР аз 1946 алокаи дипломати дорад.

Швейцария мамлакати мутараккии индустрияви буда, ба хорича капитал экспорт мекунад. Дар иктисодиёташ монополияи капиталисти хукмфармост. Швейцария барои тадкикоти илми ва корхои тачрибавию конструктори маблагхои бисьёр сарф мекунад. Ба Швейцария кариб 1% махсулот (1979), бештар аз 1,5% содироти чахони капиталисти рост меояд. Дар саноат, хунарманди ва сохтмон 44%, дар х. к 6,2%, хизматрасони ба мехмонхо 4,5% ахолии кобили мехнат банд аст (1975).

Саноат барои истехсоли махсулотхои баландсифат махсус гардонида шудааст. Мошинсози ва коркарди метал (маснуоти электротехники, дастгоххо, асбобхо), истехсоли соат (54 млн дона, 1984), саноати химия ва дорусози, пойафзол, бофандаги, дузандаги, трикотаж, когаз, полиграфи, хуроквори хаст. Швейцария с. 1984-ум 59 млрд кВтс энергияи электрик истехсол кард. X. к хосили баланд медихад (5%-и махсулоти умумии миллиро ташкил мекунад). Кариб 6% худуди Швейцария заминхои х. к.-анд; маргзор ва чарогох—46%, бешазор 25%. Зиёда аз 3/4 кисми махсулоти х. к-ро чорводори медихад. Тули умумии р. о. кариб 5 хаз. км. Бандари асосиаш Базель дар д. Рейн. Швейцария ба хорича мошин, соат (зиёда аз 95% хамаи махсулот), молхои саноати химия, махсулоти саноати сабук ва хуроквори мебарорад. Пассиви баланси савдо бо мамлакатхои хорича аз хисоби даромади амалиёти банк ва туризми хоричи (14,3 млрд франк, 1985) танзим карда мешавад. Вохиди пул — франки швейцари.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …