Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУЗАНЗАНИ

СУЗАНЗАНИ

СУЗАНЗАНИ, иглотерапия, иглорефле-ктотерапия, як навъ усули бо рохи ба нуктахои муайяни пуст халондани сузави борик (аз тилло, нукра, платина ё пулод бо максади муоличаи беморихо месозанд; дарозиашон аз 1,5 то 12 см).

suzanzani

Сузанзани дар тибби Хитой, Хиндустон, Эрону Турон ва Япония аз кадимулайём маълум буд. Дар СССР Сузанзани аз охири солхои 50 асри 20 чори шуд. Маркази илмию методии Сузанзанидар СССР Инститкти иглорефлектотерапияи Вазорати нигахдории тандурустии СССР ба шумор меравад. Дар бадани одам 664 нуктаи Сузанзани мавчуд аст. Аз таъсири Сузанзани барангезиши муътадили шохахои хассоси асаби пуст, мушак ва рагхо ба вучуд меояд ва дар натича фаъолияти системаи асаб, узву бофтахо ва хосилшавии гормояхою моддахои фаъоли биологи бехтар мегардад. Сузанзаниро хангоми табобати беморихои органикию функционалии системаи асаб (неврит, невралгия, радикулит, невроз), инчунин як катор беморихои узвхои дохили (гастроэнтерит, колит, захми меъда, зикки нафас), аллергия ва гайра истифода мебаранд. Дар Точикистон Сузанзани аз соли 1934 истифода мешавад. Солхои 1973—74 дар назди кафедраи беморихои асаби Институти давлатии тиббии Точикистон курси ибтидоии омуазши Сузанзанибарои духтурон, соли 1974 дар назди Чамъияти республикавии невропатологхо вапсихиатрхо секцияи Сузанзани ташкил шуд. Дар шуъбахои неврология беморхонахо ва поликлиникахои шахри Душанбе ва марказхои вилоятии республика кабинетхои Сузанзаниташкил карда шудаанд. А. М. Пулодов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …