Маълумоти охирин
Главная / Илм / «СУВАР-УЛ-КАВОКИБ»

«СУВАР-УЛ-КАВОКИБ»

«СУВАР-УЛ-КАВОКИБ» рисолаи астрономии Абдуррахмони Суфи. Соли 965 ба забони араби таълиф шуда, тафсир ва вазъи 21 бурчи Нимкураи шимоли, 12 бурчи дувоздахгона ва суратхои асотирии онхоро дар бар мегирад (тасвираш дар мак. Осмон). Дар «Сувар-ул-кавокиб» координатхои 1022 ситора дарч гардидааст. Фехристи Абдуррахмони Суфи баъди фехристи Гиппарх (асри 2 то мелод) нисбатан сахехтар аст. Беруни (нигаред 3ичи Беруни) ва Алоуддини Кушчи (нигаред Зичи Курагони) аз «Сувар-ул-кавокиб» истифода бурдаанд. Насируддини Туси соли 1245 бо далолати дустонаш «Сувар-ул-кавокиб»-ро аз араби ба форси гардонд. (акси онро муаррихи эрони Муиззуддиви Мадхави соли 1973 дарч кард). Як нусхаи арабии нисбатан кадимтари «Сувар-ул-кавокиб», ки соли 1012 писари Абдуррахмови Суфи рунавис кардааст, дар филиали ленинградии китобхонаи Институти шаркшиносии Академияи Фанхои СССР тахти раками С 724, дар нусхаи арабии «Сувар-ул-кавокиб» бо тарчумаи фравсавиаш (соли 1874 дар Санкт-Петербург нашр шуд) дар захираи даствависхои Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон махфуз аст. «Сувар-ул-кавокиб»-и Абдуррахмони Суфи дар омухтани таърихи астрогаомия ва истилохоти он аз мухимтарин манбаъхост.          Н. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …