Маълумоти охирин

ШУУР

ШУУР (ар.— душ, огохи, фахм, фикр), шакли олии инъикоси маънавии вокеиятро гуянд, ки танхо ба инсон хос аст. Он бо нутк алокаманд буда, шаклхои хиссиёташ идрок, хотира, тасаввур, тахайюл ва диккат мебошад ва хамчун тафаккури абстракти дар мафхум, хукм, хулоса, фарзия, хадс, гоя ифода мегардад. Мафхуми Ш. хам шуури фарди (шахси) ва хам чамъиятиро дарбар мегирад, Ш.-и чамъияти (илм, фалсафа, санъат, ахлок, дин, сиёсат ва хукук) инънкоси хастии чамъияти буда, новобаста ба шуури одамони чудогона инкишоф меёбад ва зимни фаъолияти одамон амали мегардад.

shuur

Идеализм Ш.-ро хамчун чавхари мустакил ба материя мукобил мегузорад. Бар хилофи он материализми диалектики пайдоиши Ш.-ро Ватикан конунии инкишофи тадричии материя мешуморад. Имконияти пайдоишн Ш., чунон ки Ф. Энгельс мегуяд, «дар худи материя нухуфта аст. Материя бо такозои табиати худ ба дарачаи инкишофи мавчудоти фикркунанда мерасад ва ин дар хама холатхои мавчуд будани шароити мувофик ногузир ба амал меояд» (Маркс К., и Энгельс Ф., Соч., т. 20, с. 524).

Заминахои биологии пайдоиши Ш. дар антропоидхо мухайё шуда бошад хам, вай барои пайдо шудани Ш.-и инсон басанда набуд. Он аз заминахои биологи дар процесси антропогенез ба вучуд омад. Аз ин ру Ф. Энгельс таъкид намудааст, ки «мухимтарин ва наздиктарин асоси тафаккури одам на худи табиат, балки… табиатро тагйир додани одам аст. Акли одам мутобикан ба он ки чи тавр вай тагйир додани табиатро омухтааст, инкишоф ёфтааст» (Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 20, с. 545). Дар чараёни мехнат фаъолияти предмети ба фаъолияти фикри мубаддал мешавад, ки забон хамчун олоти он аз руи зарурати муносибат ба дигарон ба вучуд меояд ва хамчун воситаи баёни фикр хизмат мекунад.

Дар мархилахои аввали инкишофи фалсафа фарки моддиёт ва рухиёт хануз муайян набуд. Дар асрхои миёна Ш. хамчун мабдаи фавкуттабии ва офарандаи табиат тавсиф шудааст. Мутафаккирони асрхои миёнаи Шарк масъалаи нафсро ба миён гузошта, онро муродифи Ш. пиндоштанд. Дар фалсафаи Ахди чадид Декарт чихати худшиносиро дар чои аввал гузошта, Ш.-ро чун мушохидаи ботинии субъект муоина кард. Материаллистони а. 18-и франсави (махсусан Ламетри ва Кабанис) ба муваффакиятхои физиологи ва тибби такя намуда, исбот карданд, ки Ш. функцияи махсуси майна буда, ба туфайли он одам дар бораи табиат ва худ дониш мегирад. Идеализми классикии немис оид ба Ш. ва таркиби он фикри тоза баён намуда, зинахои гуногуни онро ошкор намудааст. Гегель ба фахмиши мохияти ичтимоию таърихии Ш. наздик омада, дар бораи ба хаёти чамъияти вобаста будани Ш.-и фард ба хулосаи дуруст омадааст, лекин у хаёти чамъиятиро идеалистона шарх дода, онро табассуми рухи объективи донистааст.

Туфайли комёбихои нейрофизиология (Сеченов, Павлов) ва психологияи экспориментали (Вебер, Фехнер, Вундт, Чемс) дониш дар бораи Ш. афзун ва нихоят амик шуд. Аммо мавчудияти шархи интроспективии Ш. боиси пайдоиши чараёнхое гардид, ки дар фаъолияти одам роли асоси доштани шуурро инкор мекунанд (фрейдизм, бихевиоризм).

Аз нуктаи назари фалсафаи марксисти Ш. шакли олии факат ба инсон хоси инъикоси вокеият аст, ки дар майна хосил мешавад. Майна – органи моддии Ш., узви анатомию физиологии тафаккур — фаъолияти маънави мебошад. Ш. дар натичаи азхуд кардани тачрибаю кобилият ва тарзи амали дар ашё тачассум-гардида ташаккул меёбад. Ш.-и фарди хамчун шакли махсуси инъикоси субъективии реалияти объективи ба сифати махсули муносибат ва робитахое фахмида мешавад, ки дар чараёни ташаккулу инкишофи чамъият ба вучуд омадаанд. Берун аз системаи ин муносибатхо, берун аз Ш.-и чамъияти ва забон, ки субстрати реалии он аст, мавчудияти Ш.-и фарди гайриимкон мебошад. Одамон максадхои эчодии худро амали гардонда табиат, чмъият, инчунин худро дигаргун месозанд, чунки «олам инсонро конеъ намегардонад ва инсон карор медихад, ки бо амали худ онро тагйир дихад» (Ленин В. И., Ас., ч- 38, с. 215). Аз ин лихоз «шуури инсон олами объективиро на танхо инъикос мекунад, балки онро эчод хам мекунад» (хамон 40, с. 214).

И. Кулматов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …