Маълумоти охирин

СЮРРЕАЛИЗМ

СЮРРЕАЛИЗМ (франсузиsurrealisme — реализми фавкулода), чараёни авангардисти дар адабиёту санъат, ки ибтидои асри 20 дар Франция пайдо шуда, пас дар Белгия. Чехословакия, Югославия, ШМА, Мексика, Япония пахн шудааст. Нахустин асари назарияви доир ба Сюрреализм «Манифести сюрреализм»-и А. Бреточ (1924) ва нашрияи он «Lа revolution-Surrealiste») («Революцияи сюрреалисти», 1924—29) буд. Истилохи мазкурро бори аввал соли 1918 Г. Аполлинер истифода бурдааст. Сюрреализмдар системаи тафаккури бадеи ба чои муносибати окилона дархам-бархамии худсаронаро мегузорад; он зиндагиро дар асоси тахаюлоти мавхум акс менамояд; ба инъикоси олами ботини ва хобу хаёлот ахамияти калон медихад. Сюрреализм дар таърихи маданияти буржуазии асри 20 хамчун тахкир бар донишу идроки диалектикии инсон боки монд.

surrealizm

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …