Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРОИ ВАЗИРОНИ СССР

ШУРОИ ВАЗИРОНИ СССР

СОВЕТИ ВАЗИРОНИ СССР, органи олии ичроия ва амрдихандаи хокимияти давлати, Хукумати СССР. Аз тарафи Совети Олжи СССР дар мачлиси якчояи Соеети Иттифогр ва Совети Миллатхо дар сессияи 1-уми даъвати навбати дар хайати Раиси Совети Вазирони СССР, чонишинони якум ва чонишинони Раис, вазирони СССР,. раисони комитетхои давлатии СССР, рохбарони баъзе дигар органхои марказии идоракунии давлати ташкил карда мешавад. Раисони Совети Вазирони республикахои иттифоки аз руи вазифаашон ба хайати Совети Вазирони СССР дохил мешаванд.

Совети Вазирони СССР органи идоракунандаи давлати буда, сохиби хукукхои умумиест, ки хамаи масъалахои мухимтарини хаёти чамъияти ва давлатии советиро дар бар мегирад.

Совети Вазирони СССР дар доираи ваколати худ ба хочагии халк ва сохтмони ичтимоию мадани рохбари мекунад; барои баланд бардоштани дарачаи некуахволии модди ва мадавии халк, инкишофи илм ва техника, истифодаи окилона ва мухофизати захирахои табии, мустахкам кардани системаи пул ва кредит, гузаронидани сиёсати ягонаи нарх, музди мехнат, таъминоти ичтимои, ташкили сугуртаи давлатию системаи ягонаи бахисобгири ва статистика тадбирхо меандешад ва ба амал мебарорад; идора кардани корхонаю иттиходияхои саноат, сохтмон, хочагии кишлок, корхонахои наклиёту алока, банкхо, дигар ташкилотхо ва муассисахои тобеи иттифокиро ташкил мекунад; барои химояи манфиатхои давлат, мухофизати моликияти сотсиалисти ва нигох доштани тартиботи чамъияти, барои таъмину мухофизати хукуку озодихои гражданхо тадбирхо меандешад; барои таъмини бехатарии давлат чорахо мебинад; ба ташкили умумии Куввахои Мусаллахи СССР рохбари мекунад, континенти харсолаи гражданхоеро, ки бояд ба хизмати хакикии харби даъват карда шаванд, муайян менамояд; дар сохаи муносибатхо бо давлатхои хоричи, савдои беруни, хамкории иктисоди, илмию техники ва мадании СССР бо мамлакатхои хоричи рохбарии умуми мекунад; барои таъмини ичрои шартномахои байналхалкии СССР чорахо мебинад; шартномахои байналхалкии байнихукуматиро тасдик ва бекор мекунад; дар мавридхои зарури дар назди Совети Вазирони СССР оид ба корхои сохтмони хочаги, ичтимоию мадани ва мудофиа комитетхо, саруправленияхо ва дигар идорахо ташкил менамояд. Совети Вазирони СССР дар асоси конунхои СССР ва карордодхои дигар Совети Олии СССР ва Президиуми он бо максади ичрои онхо амру карорхо мебарорад ва ичрои онхоро тафтиш мекунад. Ичрои амру карорхои Совети Вазирони СССР дар тамоми территорияи СССР хатми мебошад. Совети Вазирони СССР барои халли масъалахое, ки дар ихтиёри Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти мебошанд, хукук дорад амру карорхои Советхои Вазирони республикахои иттифокиро аз амал боздорад, инчунин актхои вазоратхои СССР, комитетхои давлатии СССР ва дигар органхои тобеи худро бекор кунад. Совети Вазирони СССР, вазоратхои умумииттифоки ва иттифокию республикави ва комитетхои давлатии СССР, дигар органхои тобеи худро муттахид менамояд ва ба кори онхо рохбари мекунад (мод. 128—129, 131 —136 Конституцияи СССР).

Раисони Совети Комиссарони Халкии СССР: В. И. Ульянов (Ленин) (аз 26 10/8. 11/1917—раиси СКХ РСФСР, аз 6. 7. 1923 то 21. 1. 1924- раиси СКХ ОССР), А. И. Рыков (2. 2. 1924—19. 12. 1930), В. М. Молотов (19. 12. 1930-6. 5. 1941), И. В. Ста- лин (6. 5. 1941—15. 3. 1946).

  Раисони Совети Вазирони СССР: И. В. Сталин (19. 3. 1946-5. 3. 1953), Г. М. Маленков (6. 3. 1953—8. 2. 1955), Н. А. Булганин (8. 2. 1955— 27. 3. 1058), Н. С. Хрущбв (27. 3. 1958 —15. 10. 1964), А. Н. Косыгин (аз 15. 10. 1964—1980), Н. А. Тихонов (аз 1980—1985), Ряжков Н. И. (аз 1985).

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …