Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / «ШУРОИ ИСЛОМИЯ»

«ШУРОИ ИСЛОМИЯ»

«ШУРОИ ИСЛОМИЯ», ташкилоти зиддиреволюциони ва пантуркистие буд, ки 9 марти 1917 дар Тошкент таъсис шуд. Дар Хучанд ва Уротеппа низ шуъбахо дошт. Такьягохи асосии он рухониён, амалдорони махалли, бойхо ва буржуазияи махалли буданд. 16—23 апр. 1917 бо иштироки намояндагони 42 шуъба съезди «Ш. и.» шуда гузашт. Дар съезд Совети кишварии мусулмонони Туркистон иптихоб шуд. «Ш. и.» хукумати муваккатиро эътироф намуда, чорабинихои онро маъкул донист.

Талаби асосии сиёсии «Ш. и.» дар худуди Россияи буржуази ташкил намудани автономияи милли ва дар гузаронидани баъзе ислохоти дини буд. «Ш. и.» ба мукобили муборизаи миллии озодихохии мехнаткашони кишвар, зидди революция дар сахифахои г-хои, «Начот» «Турк эли», «Турон» баромад мекард. Ин ташкилот бо пантуркистон, панисломистони мамлакатхои хоричи ва агентураи империализми байналхалки алокаи зич дошт. Сиёсати зиддихалкии Хукумати муваккати, болоравии харакати революциони, тарбияи интернационалии большевикон мохияти реакционии «Ш. и.»-ро нишон дод ва боиси аз ин ташкилот дур шудани мехнаткашон гардид. С. 1917 уламо аз хайати «Ш. и.» баромада, ташкилоти худ — «Шурои уламо»-ро таъсис намуданд. «Ш. и.» баъд аз Рев.Октябрь бо гвардиячиёни сафед забон як карда бар зидди Хокимияти Совети мубориза бурд. Ниг. низ Босмачиги.

М. Бобохонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …