Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРИШИ МАХМУДИ ТОРОБИ

ШУРИШИ МАХМУДИ ТОРОБИ

ШУРИШИ МАХМУДИ ТОРОБИ, хуручи хунармандон ва камбагалони Бухоро, ки с. 1238 бар зидди асорати хокимони истилогари мугул ва феодалони махалли cap зад. Ба шуриш Махмуди Тороби рохбари мекард. Баромадхои Махмуди Тороби диккати хокимони Бухороро чалб кард. Онхо кушиданд, ки Ш. М. Т.-ро пахш, сардори онро нест кунанд. Кушиши душманон барор нагирифт. Намояндагони хукумат рохи фиребро пеш гирифтани шуданд. Аммо Махмуд аз нияти душман пай бурда, аз Тороб бо пайравони зиёди худ ба Бухоро омад. Чорахои дигари табакахои доро барои куштани Махмуди Тороби низ барбод рафтанд. Махмуд кувваи бузурге чамъ намуда, aз пешвои рухониён-садр ва намояндагони табакаи хокими талаб намуд, ки уро халифа эълон кунанд. Онхо мачбур гардиданд, ки Maхмудро халифа эълон кунанд. Махмуд касри Малик Санчарро каррргохи худ эълон намуд. Садрхо ва диг. намояндагии табакахои доро бо амри у аз тахт ронда шуданд.

shurishi-torobi

Махмуд ба мукобили душманони хунармандон ва мардикорон муборизаи сахт бурда, давлатмандон, рухониёни бузург ва амалдорони ба дасти шуришгарон афтодаро ба ктл расонд. Садрхо, намояндагони хокимони махалли ва мугулхо дар Кармина тайёри дида, ба Бухоро харакат карданд. Дар наздикии Бухаро беки шуришгарон ва куввахои госиб мухорибаи сахт ба вукуъ омад. Мугулхо ва куввахои феодалони махалли шикаст хурда акиб шистанд, шуршигарон онхоро то Кармина таъкиб намуда, бисьёрихоро ба катл расонданд. Бино ба маълумотп Чувайни дар ин чанг 10 хаз. кас кушта шуд. Вале минбаъд Ш. М. Т. .мисли диг. шуришхои дар Осиёи Миёна ба вукуъ пайваста, муваффакият пайдо накард. Махмуди Тороби ва дусти наздики у Шамсуддин Махбуби дар айни авчи шурши кушта шуданд. Аз халок гардидани Махмуд ва камярокии шуришггарон истифода намуда, кушуни 20 хазораи мугулхо ва феодалони махалли бо сардории Илдиз Нойон ва Чекан Курчи хуручкардагонро танг намуда, ба тврафи Кармина акиб ронданд ва ба азобхои мудхиш дучор карданд. Кариб 20 хаз. тарафдори Махмуда Торобиро ба катл расонданд Ш. М. Т. катъи назар аз шикаст хурданаш дар таърихи халки точик ва диг. халкхои Осиёи Миёна чои намоёнро ишгол мекунад.

Ад.: Якубовский А. Ю.. Восстание Тараби в 1238 г. (К истории крестьянских и ремесленных движений в Средней Азии). «Тр. ИВ АН СССР» т. 17. М.—Л., 1936; Гафуров Б. Г.. Таджики. Древнейшая древняя и средневековая история, М., 1972.

У. Назиров, А. Валиев.

Дар борамон

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …