Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРИШИ ДЕХКОНОНИ ВОЛОСТИ ГУЛАКАНДОЗ ВА НОВ

ШУРИШИ ДЕХКОНОНИ ВОЛОСТИ ГУЛАКАНДОЗ ВА НОВ

ШУРИШИ ДЕХКОНОНИ ВОЛОСТИ ГУЛАКАНДОЗ ВА НОВ, ошуби дехконони камзамину безамин барои об ба мукобили заминдорони калон. Ш. 13 авг. 1911 дар дехахои Янгикишлоки Гулакандоз (худуди р-ни Пролетари хозира) cap зад. Сардори уезди Хучанд барои пахш кардани Ш. аз губернатори Харбии Самарканд ёри пурсид. Барои шикаст додани шуриши дехконони Гулакандоз се взводи казакон фиристода шуд. Дар натича шуриш пахш гардид. 31 янв. 1912 дехконони карздори дехаи Фармонкургони волости Нов шуриш бардоштанд. Шуришгарон бо таппонча, милтик, корд ва г. мусаллах буданд. Онхо нотарсона ба хонаи судхури калони деха хамла оварда, уро куштанд ва ба маблаги 5 хаз. сумина худдату руйхти карздоронро нобуд карданд. Хукумати подшохи барои кушта шудани судхур аз дехконони шуришгар касос гирифт. 12 наф. дехкононро ба суд кашиа, 2 наф.-ро овехта, бокиро бадарга карданд.

Г. Каримов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …