Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРИШИ БОБИЁН

ШУРИШИ БОБИЁН

ШУРИШИ БОБИЁН, шуриши халкии зиддифеодалист дар Эрон, ки с-хои 1842—52 ба амал омадааст. Дар он хунармандон, савдогарони майда, камбагалони шахр, дехконон ва намояндагони рухониёни хурд иштирок доштанд Шуриш оханги дини дошт. Ба он аъзоёни фиркаи бобия рохбари мекарданд ва аз ин ру бо ними «шуриши бобиён» машхур аст.

Шуриш сент. 1848 дар Мозандарон cap шуд. Бобтён дар назди макбараи шайх Таберси дар сохили д. Толор бо рохбарии Мулло Мухамадалии Борфуруши ва Мулло Хусайни Бошруя калъае сохтанд Вакти зиёде нагузашта шумораи онхо ба 2 хаз. наф. расид. Шуришгарон моликияти хусусиро бархам дода, баробари, аз чумла барабархукукии занонро эълон карданд ва дар кароргохи худ хуроки умуми чори намуданд. Шуришгарон хамлахои доимии дастахои феодалони махалли ва аскарони хукумати шохро муддати 8 мох боздоштанд. Танхо маи 1849 ба кушунхои шох муяссар гардид бо фиреб бобиёнро аз калъа берун оварда, саросар катъ кунанд. Ва бо ин хама онхо шуришро пахш  карда натавонистанд Маи 1850 дуюмин шуриши калонтарини бобиён дар ш. Занчон бо рохбарии Мулло Мухаммадалии Занчони руй дод, ки он аз чихати муташаккили ва кудрат аз дигар шуришгарон бартари дошт. Аксариятп шуришгарон косибон, савдогарони майда, дехконон буданд. Занон низ дар он фаъолона иштирок доштанд ва барообри мардон мечангиданд. Бобиёни Занчон барпо намудани чунин чамъияти одилонаеро расман эълон карданд, ки одамони он мебоист хушбахтона умр ба cap баранд. Дигар чорабинихои онхо ба шиорхои мозандарониён шабохат доштанд. Шумораи бобиёни Занчон то миёнаи с. 1850 ба 100 чо. расид

Хукумат бо максади хотима гузоштан ба шуриш июли 1850 Бобро катл намуд. Вале шуриш беш аз пеш авч гирифт. Дар Занчон шуриш то ох. 1850 давом кард. Хучумхои армияи шох натичае набахшиданд. Нихоят фермондехи армияи шох хамон усули Мозандаронро ба кор бурда, бо рохи фиреб бобиёнро аз панохгох берун овард ва пахш намуд.

Сеюмин ва охирин шуриши бобиён июни 1850 дар ш. Найрез бо рохбарии Ахьёи Дороби руй дод. Кушунхои шох бо ёрии дастахои феодалони махалли ин шуришро низ берахмона пахш карданд.

Ад.: Иванов М. С., Бабидскне восстания в Иране (184$—52 гг). М.—Л.. 1939.

Г. Мухиддинов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …