Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУПЕРФОСФАТ

СУПЕРФОСФАТ

superfosfat

СУПЕРФОСФАТ, нурии минералии фосфатдорест, ки онро барои хар гуна хок ва зироати хочагии кишлок истифода мебаранд, Фосфори Суперфосфат дар холати монофосфати калсий ва кислотаи фосфат маъмул аст. Суперфосфат гипс, фосфатхои охан, алюминий, демиксиди силисий, пайвастхои фтор ва дигар омехтахо низ дорад. Суперфосфатро дар натичаи бо кислотаи сулфат кор кардани фосфатхои табии (апатит ва фосфорот) ё консентрати апатит хосил мекунанд.

Са3(РO4)2 + 2Н2SO4 = Cа(Н2РO4)2 +  2CаSO4

Барои хосил намудани суперфосфати дучанда ба апатит ё фосфорит кислотаи фосфат таъсир мекунанд. Дар СССР Суперфосфатхаи содда, дона-дона, дучанда, аммоннидор, мангандор, бордор ва молибдендорро истехсол мекунанд. Суперфосфати содда 14—19,5%; дучанда 45—48%; аммонийдор 14—19,5% Р2О5 ва мангандор 1,5— 2,5% Мn, бордор 0,1—0,3% В, молибдендор 0,1 Мо дорад. Суперфосфатро дар хама гуна хок (хусусан дар шурхок) ва барои тамоми зироат ба сифати нурии асоси истифода мебаранд.

Суперфосфатро ба хоки кислотанок бо омехтагии бур, охаксанг, орди фосфорити ва гайра меандозанд. Нигаред низ Охакандози.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …