Маълумоти охирин

СУННАТ

СУННАТ (араби — рох, равиш, одат), кадас, мачмуи ривоятхост дар боби зиндаги ва рафтору гуфтори Мухаммад. Дар асрхои 7—8 ба вучуд омада, баъди Куръон дуюмин манбаи мукаддаси исломи эътироф шудааст.

koran-sunnat

Суннат аз хадисхо иборат мебошад, ки дар мавзуъхои гуногуни хукукию ахлоки ва таърихи гуфта шудаанд. Сараввал хадисро сахобахои Мухаммад — хешовандон, наздикон, муридон ва шогирдони у мегуфтанд. Баъди сахобахои пайгамбар шогирдони онхо хадисхои шунидаашонро накл мекарданд. Хамин хел чамъоваранда ва азёдкунандагони хадис пайдо шуданд, ки онхоро мухаддисон меномиданд. Дар ибтидои асри 8 се манбаи махсуси илмухадис — Мадина, Ирок ва Сурия ба вучуд омад.

hadith

Мувофики анъана хадис бояд аз ду кисм иборат бошад. Киси аввалро иснод (номбар карданисилсилаи мухаддисон) ва кисми дуюмро матн (мазмуни хадис) меноманд. Агар силсилаи мухаддисон комил бошад, онро «хадиси сахех», агар дар силсила номи яке аз мухаддисон кобили эътироф набошад, онро «хадиси хасан» ва агар дар силсила ба номи яке аз мухаддисон шубха равад, онро «хадиси заиф» меноманд. Ба хамаи ин номгузорихо нигох накарда, мухаддисон баробари аз ёд намудани хадисхо худашон низ хадисхои нав бофта мебароварданд, ин аз як тараф, бисёр догмахои дурушту зиддиятноки Куръонро бо таълимоти фалсафии халкхои тасарруфшуда иваз менамуданд, аз тарафи дигар, манфиатхои синфи хукмрони феодалиро ифода мекарданд. Дар натича шумораи хадисхо хеле зиёд шуд. Аз ин ру, халифа Умар ибни Абдулазиз хост, ки онхоро ба тартиб дарорад. Бо дастури у хамаи хадисхо дар 6 чилд чазмъовари шуданд. Вале ахли диёнатба хадисхои чамъоваришуда «Ал-чомеъ-ус-сахех» (номи дигараш «Сахех-ул-бухори») -и Абдуллохи Бухориро (810—870) нисбатан муътабар медонанд. У аз 600 хазор хадисхои мавчуда факат 7250 хадисро хакики дониста, дигарашро такрор ё бофта хисоб кардааст. Усули интихоби хадисхои хакики хеле содда буда, бештар ба мувофикати мазмуни хадис ба Куръон ва таърих асос ёфтааст. Дар он силсилаи мухаддисон ба назар гирифта нашудааст. Дар «Ас-сахех»-и Муслими Нишопури (817—075) аз 300 хазор хадис танхо 12 хазор интихоб шудааст. Дар адабиёти динихар ду асари ёдшуда муътабар дониста шуда, бо номи «Сахехони» (яъне ду сахех) машхур аст. Дар Суннат мохияти идеологияи исломи ибтидои, муносибатхои синфии хилофат ва дигар зиддиятхои ичтимоии асрхои 7—9 низ ифода ёфтаанд.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …