Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУМДОРХО

СУМДОРХО

СУМДОРХО (Ungulata), як гурух хайвонхои ширхурро гуянд. Сумдорхоба 5 катор таксим мешаванд: токсумхо, чуфтсумхо, фил, сирепхо ва даманхо. Ангушташон аз 1 то 5-то. Сумдорхо аз хайвонхои сумдори мункариз — кондиляртрхо пайдо шудаанд. Аз хайвонхои хонаги ба Сумдорхо асп, хар, чорвои шохдору бешох, гуроз, шутур, гавазн ва гайра мансубанд. Сумдорхо дар хамлаи китъахо (гайр аз Антарктида) зиндаги мекунанд. Сумдорхоро ба Австралия ва Зеландияи Нав аз дигар махалхо овардаанд. Дар Точикистон 7 намуди Сумдорхои вахши (архар, оху, гуров, нахчир, морхур, чирон, холгул ва гайра) маскун мебошанд. Онхо аз тугайзорхои сохили дарёхои Вахшу Панч то минтакаи баландкух (300— 5000 м аз сатхи бахр) пахн шудаанд. Вактхои охир бо сабабхои тагйири иклим ва ривоч ёфтани шикор саршумори Сумдорхо торафт кам шуда истодааст. Дар айни замон 571%-и онхо (гизол, нахчир, морхур ва гайра) ба Китоби сурхи Иттифоки Байналхалкии мухофизати табиат (МСОП), СССР ва Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон дохил карда шудаанд.

А. И. Соков.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …