Маълумоти охирин

СУМАК

СУМАК, найчаест, ки байни пойхои тифли гахворабанд мегузоранд ва тавассути он пешоби у ба тубак (сиба) мерезад. Сумакро бештар аз чуби суфта (бед, сафедор) месозанд. Он миёншикоф буда, такрибан 10—15 см дарози дорад, диаметраш 3—4 см аст. Сумак ду хел мешавад: писарона ва духтарона. Пеш Сумаки духтаронаро аз устухони пои буз, Сумаки писаронаро аз чубкаду хам месохтанд. Тарзи истифодаи Сумак: кисми болои онро дар байни пойхои тифл, кисми поёниашро андаруни тубак мегузоранд. Пойхои тифлро ба хам чафс карда бо парпечи нарм мепечонанд ва бо побанди пахтадор ба гахвора мебанданд. Сумакро дар Ягноб дуняк, дар Мастчох дунояк, дар водии Зарафшон гаврак, дар Гарм сипчуг, дар Помир хуфчак меноманд.           О. Муродов.

gahvora

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.