Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНОВ Муким

СУЛТОНОВ Муким

СУЛТОНОВ Муким (1894, ш. Каркии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон—1975. Душанбе), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи барпо ва мустахкам намудани Хокимияти Совети дар Точикистан. Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз соли 1932. Солхои 1921—24дар кисми разведкаи корпуси 13-уми Армияи Сурх (дар шахри Тирмиз) кор мекард. Солхои 1924 -25 чонишини намояндаи шуъбаи махсус дар нохияи Кабодиён. Солхои 1925—31 сардори отряди фидоиёни нохияи Куктош (холо нохияи Ленин). Бахори 1931 отряди фидоиёни Султонов дастахои босмачиёни Иброхимбекро торумор карда, худи уро дастгир намуд.
Солхои 1930—47 дар Точикистон як катор вазифахои масъули давлатиро ба ухда дошт. Дар съездхои 4—7- уми Партияи Коммунистии(б) Точикистон аъзои Комитети Маркази, дар съездхои 10, 11, 13 ва 14-ум аъзои Комиссияи тафтишот, дар съездхои 15 ва 16-ум номзад ба аъзоии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Точикистон интихоб гардид. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 1), депутати Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон (даъватхои 1—8).
Бо ордени Ленин, 2 ордени Байраки Сурх, ордени Байраки Сурхи Мехнат, 4 ордени «Нишони Фахри», медалу Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон мукофотонида шудааст.
Х. Дустов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.