Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНМУХАММАДИ НУР

СУЛТОНМУХАММАДИ НУР

СУЛТОНМУХАММАДИ НУР (4470—1533), хаттоти форс-точик. Аслан аз Хирот, котибидарбори Султон Хусайни Бойкаро буд. Хамасронаш СултонмухаммадиНурро дар ранганависи (истифодаи якчанд ранг) ва тахрир мумтоз донистаанд. Муаллифи китоби «Муроот-ул-олам» дар ин хусус навиштааст; «Хатшиносони он замон муътакиданд, ки хафиро бех аз у касе нанависад». СултонмухаммадиНурро баъзехо «Азхари сони» лакаб додаанд. Аз нусхахои китобати СултонмухаммадиНур як нусха «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Язди (санаи китобаташ соли 1628, дар Китобхонаи датлатии Эрон, Техрон), «Мунтахаби ашъор»-и Саъдии Шерози ва Абдуррахмони Чоми (1518, хамон чо), девони Хофизи Шерози (дар Китобхонаи мачлиси шурои милли, Техрон), «Бустон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерози (хамон чо) мебошад. СултонмухаммадиНур шеър хам менавиштааст, ки намунахояш боки мондаанд.            А. Нуров, И. Калонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.