Маълумоти охирин

СУЛС

СУЛС (араби —сеяк), як навъ хати арабист. Дар байни хутути ситта (усули ситта) —хатхои шашгонаи класский Сулс мавкеи мухим дорад ва аз ин ру, онро «уммулхутут»— модари хатхо номидаанд. Сулсро Ибни Мула эчод кард. Мувофики назарияи хушнависи хар навъи хати араби ба чуз унсурхои иловагии фарккунандааш андозаи муайян хам дорад, ки меъёри аник кардани он микдори нуктаи калам аст. Кисми ба таври уфуки хобидаи харф — сатх ва чузъи ба таври амуди чойгиршуда давр номида мешавад. Дар хати Сулс таносуби давр ва сатх як бар се аст ва номи хат хам аз хамин чо гирифта шудааст. Агар унсурхон хати куфи асосан ростхатта башанд, унсурхои хати Сулс ба доира ва давр моил аст. Харфхои «алиф» «чим», «лом» ва моназди онхо дар хати Сулс сарак доранд. Дандонаи харфхои «бо», «то», «со» ва монанди инхо дар аввали калима баландтар аст. Домани харфхои «дол», «зол», «ре», «вов» ва монанди инхо турра (хати каме ба боло моил) дорад. Ду навъи дигари хати Сулс — сасил ва хафиф аз руи андоза тафовут доранд. Минбаъд Сулс такмил ёфт ва шохахои он — хатхаи тавкеъ, рикоъ, губор ва мусалсал мустакил шуданд. Аксар бо Сулс унвони асархо, номи фаслу бобхо, инчунин китъахо ва баъзан матни асархоро менавитанд. Сулс хати монументали ва ороиши низ мебошад; дар бисёр катибахои ёдгорихои меъмории Самарканду Бухоро истифода шудааст. Катибаи девори масчиди Гавхаршод дар Хирот (1437) аз чумлаи бехтарин намунаи хати Сулс аст. Дар такмилу тахаввули Сулс хидмати Ибни Мукла, Ибни Баввоб ва Ёкути Мустаъсими калон аст.     Э.Окилов.

alifboi-arabi

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.