Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛАМИ Абуабдуррахмон

СУЛАМИ Абуабдуррахмон

СУЛАМИ   Абуабдуррахмон (936, Нишопур —1012, хамон чо), яке аз намояндагони машхури тасаввуфи асри 10. Лакаби худро аз авлоди модариаш интихоб намудааст. Падараш низ ба тасаввуф майл дошт. Сулами маълумоти ибтидоиро аз падараш ва бобояш Абуамири Сулами касб кардааст. Баъд дар назди шайхони машхури Нишопур тахсил намудааст, Ба афкори тасаввуфии у махсусан таълимоти муаллифи «Алламаъ» Абунасри Сарроч ва Абулкосими Насрободи таъсир расонидаанд. Сулами аз чавони дар сухбатхои суфиён ширкат мекард, ба масъалахои тадкики калом, назарияю амалия ва таърихи тасаввуф машгул буд. Дар натичаи мучохидаи эиёд у на факат хамчун суфии номи, балки хамчун мухаккики машхури тасаввуф дар Нишопур ва берун аз худуди он ном баровард. Мухаккикони асрхои миёна Субки ва Абулъало Афифи муътакиданд, ки Сулами бештари умри худро ба тахкики тасаввуф ва тафсири Куръон сарф кардааст. Вале тафсири у дар «Хакоик-ут-тафсир» аз таълимоти калом фарк мекунад. Аз ин ру, рухониёни ислом уро ба куфр айбдор намудаанд. Сулами доир ба тасаввуф зиёда аз 30 асар таълиф кардааст, ки аксари онхо то хол омухта нашудаанд. Мухимтарини онхо «Алихват вал ахавот-ус-суфия», «Одоб- ус-суфия», «Таърих-ус-суфия», «Хакоик-ут-тафсир», «Рисолат-ул-маломатия», «Сунан-ус-суфия», «Табакот- ус-суфия» ва гайра мебошанд. Асархои тадкикотии у барои мухаккикони баъдина сарчашмаи мухими омузиши таърихи тасаввуф буданд.

К. Олимов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.