Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛАЙМОН СТАЛЬСКИЙ

СУЛАЙМОН СТАЛЬСКИЙ

sulaymon-s

СУЛАЙМОН СТАЛЬСКИЙ (18. 5. 1869, авули Ашега-Стал, хозира нохияи Косумконти Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Догистон—23. 11. 1937, хамон чо; дар Махачкалъа дафн шудааст), шоир — хофизи халкии советии лазги, Шоири Халкии Догистон (1934). Дар хурдсоли ятим монда, зиёда аз 20 сол ба мардикори ва мехнати кироя, аз аввали асри 20 ба дехкони машгул шудааст. Иштирокчии Револютсияи КабириСотсиалистии Октябр ва Чанги граждани (1918—20). Дар эпиграммахо, сурудхои хачви ва «Савдогарон — амалдорон» (1915) яом асараш истисморгаронро сахт мазаммат намудааст. Баъди Революцияи Октябр доираи мавзуъ ва образхои эчодиёти Сулаймон Сталський васеъ гардиданд. Сулаймон Сталський дар достони «Догистон» (1985— 36) ба рухи назми халки содик мондааст. М. Горкий дар Сьеэди 1-уми нависандагони СССР уро «Гомери асри бист» номид. Шеърхояш ба забонхои халкхои СССР, аз чумла, точики тарчума шудаанд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.