Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛАЙМОН РУСТАМ

СУЛАЙМОН РУСТАМ

СУЛАЙМОН РУСТАМ (таваллуд номаълум Сулаймон Алиаббос-угли Рустамзода; 27. 11. 1906, Боку—1982, хамон чо), шоир ва драматурги советии озарбойчони, ходими чамъияти, Ходими Хизматнишондодаи Санъати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Озарбойчон. (1943), Шоири Халкии Озарбойчон (:1960). Аъзои КПСС аз соли 1940. Раиси Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Озарбойчон (аз соли 197:1). Дар Университети Озарбойчон (аз соли 1927) ва Москва (аз соли 1929) хонд. Дар мачмуахои «Аз гам то шоди» (19127), «Ситора» (1934), «Чапаев» (1936), «Романтикаи шаб» (1938) комсомолон, кахрамонони чанги граждани ва сохтмони сосиалистиро васф кардааст. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—45) шеърхои машхури «Касам», «Аз дили Кавказ», «Модар ва хаткашон» ва гайраро навишт. Силсилаи «Шеърхои Табрез» (Т941) дар бораи Озарбойчони Эрон эчод шудаанд. Дар мачмуаи «Ду сохил» (1949; Мукофоти давлатии СССР, 1950) тасвири хаёти душвори камбагалони Озарбойчони Эронро давом дод. Баъди чанг песаи манзуми «Гачак Наби» (1946, тахрири 2-юм 1948), мачмуаи ашъори «Мавчхои Хазар» (1971), «Чон» (1974) ва гайра чоп шуданд. Шеърхои Сулаймон Рустам ба забони точики низ тарчума шудаанд. Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Осор: Армугони дусти (Мачмуаи шеърхо), Душанбе, 1962.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.