Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «СУХУФИ ИБРОХИМ»

«СУХУФИ ИБРОХИМ»

suhufi-ibrohim

«СУХУФИ ИБРОХИМ» тазкираест, ки Али Иброхими Халилхони мутахаллис ба Халил соли 1791 дар шахри Банораси Хиндустон таълиф кардааст. Тарчумаи хол ва намунаи ашъори 3278 шоири кадим ва муосирони муаллифро дар бар мегирад. Ба тартиби хуруфи алифбои араби сохта шудааст. Бо исми Абузайди Бастоми шуруъ шуда, бо Мулло Ягонаи Балхи анчом ёфтааст. Дар «Сухуфи Иброхим», ба кавли мусанниф шоирони машхур, кофиясанчони гайримаъруф ва салотини шоиртабъ «бо якдитар ахди мувофикат баста, фориг аз таклифи тафовути дарачот… зону ба зонуи хам… нишастаанд». Ба кавли муаллифи тазкира у дар шархи холи муосирони худ, ки аксар дар Хиндустон ва кисман дар хоричи он мезистанд, чонибандеши (баланд нишои додани хамшахрихои худ ва даст задани дигарон)-ро раво надидааст. Шоирони тахаллуси якхела доштаро бо ному лакабу куниязшон зикр кардааст, то шинохтани онхо осонтар гардад. Халил дар таълифи «Сухуфи Иброхим» аз 72 тазкираву манобеиадабиву таърихи аз кабили «Мачмаъ-ул-ансоб»-и Самъони, «Муъчам-ул- буддои», «Чахор маколах «Мачолис-ун-нафоис»-и Навои, «Таакират-уш-шуаро»-и Давлатшохи Самарканди, «Тазкират-ул-муосирин»-и Хазини Лохичи. «Арафот-ул-оши- кин» ва гайра истифода кардааст. «Сухуфи Иброхим» аз чихати нишон додани соли таваллуду вафоти шоирон, мадфани онхо, махсусан, хамасрони муаллиф яке аз тазкирахои муътамад башумор меравад. Нусхахои дастнависи «Сухуфи Иброхим» дар Берлин, китобхонаи марказии донишгохи Техрон ва Банкипур (Хиндустон) махфузанд.

Адабиёт:

М. Диловаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.