Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУХОЙ Павел Осипович

СУХОЙ Павел Осипович

suxoy-p-o

СУХОЙ Павел Осипович (22. 7. 1915, дехаи Глубокое, хозира вилояти Витебск—15. 9. 1975, Москва), авиаконструктори совети, ду карат Кахрамони Мехнати Социалиоти (1957, 1965), доктори илмхои техника (1940), конструктори генерали (1956). Баъди хатми Омузишгохи олии техникии Москва (1925) дар Институти марказии аэрогидродинамикии ба номи Н. Б. Жуковский инженерконструктор шуда кор кард. Тахти рохбарии умумии А. Н. Туполев лоихаи самолётхои киркунандаи И-4 (1926—27) ва И-14-ро (1932—34) кашид. Конструкторн самолётхои РД (АНТ-25) ва «Родина» (АНТ-37) буд. Аз соли 1939 сарконструктори Бюрои конструктории тачрибави. Солхои 1942—43 самолёти зирехпуши хамлагари СУ-6 ро тахия кард. Сухой яке аз саромадони авиацияи реактиви ва фавкуссадост. У самолётхои реактивии СУ-9, СУ-15-и мухаррикашон турбореактиви, самолётхои киркунандаи фавкуссадои пайконшакл ва секунчаболро ба вучуд овард. Дар самолётхои конструкцияи Сухой Т-431 ва Т-405 2 рекорди чахонии баландпарвози (1959, 1962) ва азруи мадори сарбаст 2 рекорди чахонии тезпарвози (1960,    1962) гузошта шуд. Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 5—8). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943, 1975, баъди вафот) ва Мукофоти ленини (1968). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.