Маълумоти охирин

СУГУР

sughur

СУГУР (Маrmоtа), сугар, усгар, усгур, чонварест сурхчамуй аз чинси хояндахо. Дарозии танашто 60 см ва думаш то 30 см. 15 намудаш дар дашту (гайр аз биёбону тундра) куххои Нимкураи шимоли то баландии 4800 м аз сатхи бахр пахн шудааст. Дар СССР 6, аз чумла дар Точикистон 2 намудаш Сугури сурх ва Сугури Менэбир) зиндаги мекунад. Сугури сурх (М. саudаtа) чонвари мавзеъхои баландкухи Точикистон аст. Дарозии танаш 45—60 ом. Гурухгурух зиндаги мекунанд. Дар чукурии 2—4 м хона месозад. Сугури Мензбир (М. menzbieri) дар теппахои Октош ва Яхшибои каторкуххои Курама маскун аст. Дарозии танаш 45—50 см. Дар охирхои мохи май 2—4 бача мезояд. Сугури Мензбир хайвони нодир буда, ба «Китоби сурх» дохил шудааст. Хуроки Сугур растани ва баъзан хашарот мебошад. Тирамох пеш аз хобизимистони дар баданаш 22—28% равган чамъ мешавад. Бештари намудхои Сугур хомилони табиии ангезандаи тоунанд.

Г. С. Давыдов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …