СУГУРТА, мачмуи чорабинихо барои ба вучуд овардани фонди пули (сугуртави) аст, ки аз хисоби он вакти руй додани офати табии, фалокат, ходисаи ногахони ва дигар вокеахои нохуш тавони зарари расида ва дигар маблагхои пули пардохта мешавад. Он ба Сугуртаи молу мулк (масалан, иморат, киштукор, хайвоноти хочагии кишлок, молу амволи хона, воситаи наклиёт) ва шахси (Сугуртаи умр, саломати ва кобилияти мехнат) таксим мешавад. Дар СССР Сугуртаи давлати навъи сифатан нави Сугуртаи чамъиятию таърихи мебошад, ки дар натичаи милликунонии он ба вучуд омадааст. Рохбарияти умумии корхои Сугурта ба ухдаи Вазорати моллии СССР гузошта шудааст.
Тартиб ва шартхои сугурта шакл ва намуди он тавассути конунгузории Иттифоки РСС муайян карда мешавад. Шаклхои алохидаи Сугуртаро коида ва дастуруламалхои аз тарафи Вазорати молияи СССР тасдикшуда ба тартиб медарорад. Конунгузории республикахои иттифоки масъалахоеро хал мекунад, ки конунгузории СССР ба ихтиёри онхо гузоштааст. Сугурта хатми ва ихтиёри мешавад. Сугурташаванда ухдадор мешавд, ки ба ташкилоти Сугуртаи давлати сугуртапулии мукарраршударо супорад. Ташкилоти Сугуртаи давлати, дар навбати худ, вазифадбр аст, ки хангоми руй додани ходисаи нохуш товони сутуртави (дар Сугуртаи молу мулк) ва маблаги сугурта (дар Сугуртаи шахси)-ро дихад.
Намудхои муайяни молу мулки колхозхо ва корхонахои байниколхози (масалан, хосили зироати хочагии кишлок, чорво, мурги хонаги, бино, иншоот, воситахои наклиёт) ва гражданхо (масалан, хона, гов) бояд хатман Сугурта шаванд. Дар конун фехристи муфассали ходисахо дода шудааст, ки зарурати Сугурта шудани молу мулкро пешбини мекунад. Маблаги товони сугуртаро конун пешаки муайян мекунад. Шартномаи Сугурта дар шакли хатти тартиб дода шуда, дар шаходатномаи сугуртавии Сугуртаи давлати, квитансия ва ё хуччати сугурта дарч мегардад ва он хукми конун пайдо мекунад.
Сугуртаи шахсии хатми (барои аз фалокат ва дигар ходисахои нохуш) бо мусофирони рохи охан, роххоил оби (ба гайр аз роххои атрофи шахр), наклиёти хавои ва автомобилии истифодаи умуми (ба гайр аз роххои вилоят ва республикахое, ки таксимоти вилояти надоранд, роххои республикави) баста мешавад.
Дар сугуртаи шахсии ихтиёри хаёт ва саломатии одамон Сугурта карда мешавад. Хангоми бастани шартномаи Сугуртаи шахси синну соли гражданхо, саломатии онхо ва гайра баназар гирифта мешавад. Шартномаи Сугуртаи шахсии ихтиёри шаклхои гуногун дорад.