Маълумоти охирин

СУГД

sughd-province

СУГД (форс-кадим Сугуд, араби), яке аз кадимтарин марказхои тамаддуни ачдоди точикон, вокеъ дар хавзаи дарёхои Зарафшон ваКашкадарё. Аввалин бор дар Авесто ва катибахои мехи, баъдтар дар осори муаллифони атикаю Хитои Кадим ва дар сарчашмахои асримиёнагии арабию форси ёдовар шудааст. Асрхои 6—4 то мелод Сугд дар хайати давлати Хахоманишиён якчоя бо Порт, Хоразм ва Ориё сатрапин 11-уми онро ташкил мекард. Ахолии Сугд ба Хахоманишиён андоз дода, онхоро аз сангхои киматбахо таъмин мекард, барои хизмати калъахо ва чанги зидди юнонихо ва гайра сарбоз мефиристод. Солхои 329—328 то мелод ахолии Сугд бо сардории Спитамана ба Искандари Макдуни мукобилати сахт нишон дод ва факат баъди муборизаи дуру дароз мутеъ гардид. Баъди вафоти Искандар Сугд ба хайати империяи Селевкиён, ки асосгузори он Селевк ба духтари Опитамана — Апама хонадор шуда буд, дохил гашт. Дар нимаи дуюми асри 4 ва асри 3 то мелод Сугд дар хайати Юнону Бохтар, дар асрхои ибтидои милод ба давлати Кушониён дохил буд. Дар асрхои 4—5 Сугд ба шохони Хайтолиён, дар асрхои 6—7 ба Хоконии турк итоат мекард. Дар охири асри 7 ва ибтидои асри 8 Сугдро арабхо забт карданд. Аз замони бархам хурдани давлати Кушониён (асри 4) то ба хайати Хилофати араб дохил шудани Сугд истилогарон аслаи ба корхои дохилии он дахолат намекарданд. Дар тули ин вакт Сугд аз якчанд мулкхо (Маймург, Кабудон, Кушония, Бухоро, Кеш, Насаф, Самарканд, Панчакент, Иштихон ва гайра) иборат буд. Кушки хокими Самаркавд маъбади ниёгон дошт ва дар он ба ёди гузаштагон курбонихо мекардаанд. Хокимони Сугд муносибатхои хешутабори низ доштаанд. Хокими маркази унвони ихшид (масалан, ихшиди Самарканд Вархумана — аниктараш Авархумана буд), хокимони Кеш унвони ихрид доштанд. Аз хама калонтарнн мулкхои Сугд вохаи Бухоро буд, ки гох-гох мустакил мешуд ва дар маъхазхои таърихи хатто дар борал ду Сугд— Сугди Бухоро ва Сугди Самарканд ёд шудааст. Яке аз мухимтарин мулкхо Панчакент буд (ниаред Панчакенти Кадим), ки ба хайати он гайр аз худи нохияи Панчакент (хамон вакт «Панч» ном дошт) боа нохияхои болооби Зарафшон — Могиён, Паргар (Фалгар), Кштут (хозира Киштут), Мартушкат (хозира Мастчох) ва водии Ягноб, дигар каламравхои Пэтаман (Бутамони асрхои миёна), нохияхои каторкуххои ХисоруЗарафшон дохил мешуданд. Дар хуччатхои Калъаи Муг номи дехаи хозираи Анзоб зикр ёфтааст. Панчакент дар давраи хучуми арабхо барои Сугд ахамияти калон дошт. Хокими Панчакент Деваштич муддате тахтнишини Самарканд буд. Хуччатхои аз Калъаи Муг ёфтшуда ва гайра шаходат медиханд, ки Сугд бо Чоч, Истаравшан, Фаргона ва дигар мамлакатхо муносибатхои дипломати дошт. Сугд дар ахди кадим ва хусусан дар ибтидои асрхои миёна дар хаёти иктисодию мадании Шаркнуфузи калон дошт. Дар Самарканд, вохахои Бухоро, инчунин Кашкадарё системаи мураккаби обёри вучуд дошт. Вилояти Самарканд чунон серобу обод будааст, ки волиёни араб онро «бустони амиралмуъминин» меномиданд. Барои обёрии заминхои чануби Самарканд аз махалли Варагсар (хозира Работи Хуча) се канали асоси огоз меёфт. Ин каналхо пеш аз истилои араб сохта шуда буданд. Дар Кушония канали Нарпай, дар худуди нохияи Бухоро канали Шопурком (баъдтар Шофирком), ки кисми шимолии вохаи Бухоро — Варданаро обёри мекард, мавчуд буданд. Зироати Сугд бештар оби буд, харчанд истифодаи заминхои лалми аз эхтимол дур нест. Зироат бештар галла ва сабзавот буд. Токдори яке аз сохахои асосии дехкони ба хисоб мерафт. Дар Панчакент дастгоххои майкаши ёфт шуданд. Аз материалхои археологи ва хуччатхои Калъаи Муг бармеояд, ки аъёну ашроф микдори зиёди майро солхои сол нигох медоштанд. Богхои зиёде низ мавчуд буданд. Аз Самарканд шафтолуи аълосифат, ки «шафтолуи тиллои» меномиданд ва олучаи сафеду зардро барои фуруш мебароварданд. Аспхо ва гусфандони дунбадори сугди дар мамлакатхои хамсоя шухрати калон доштанд. Сугд бо абрешим, пахта ва пашми аълосифат низ ном бароварда буд.

Куххои атрофи Сугд сарвати фаровон доштанд. Дар Сугд тилло ва навшодир истехсол мекарданд. Тилло ба савдои хоричи бароварда мешуд (хусусан аз Кеш ва Маймург). Хулаи мису рух ва намаки рангини Маймургу Кеш шухрат дошт. Санъати охангари, заргари, кулоли хам хеле таракки карда буд. Аз чумлаи олоти филизи бел, табар, дос, мех, микроз ва дигар асбобу анчоми рузгор ва хунарманди ёфт шудаанд. Ба хунари охангари истехсоли ярок сахт алокамалд буда, истехсоли тиру камон, шамшер, сипар, чавшан, кулох ва гайра хунар ва дониши хубро талаб мекард. Силохи мудофиавии сугдиён дар кишвархои дур шухрат дошт. Соли 718 сугдиён ба Хитой чавшани худро фаристоданд; яроксозони Чин онро хамчун намуна кабуд кардандва дар армияи Хитой чавшан маъмул шуд. Дар Сугд хунари бофандаги хеле таракки карда буд. Дар Калъаи Муг намунаи 150 навъи матоъ (пахтагин, абрешимин, пашмин) ёфт шуд. Дар порчахои матоъхои сугдие, ки дар музейхои Европаи Гарби махфузанд, суратхои шер, гусфанд ва баъзе паррандахо тасвир ёфта, бо рангхон сурх, гулоби, кабуд ва сафеди баланду равшан оро дода шудаанд. Чармгари, садафкори, дуредгари, кулоли, когазсози низ хеле дар инкишоф будааст.

Вусъати зиёди истехсолоти хунарманди, хусусан дар шахрхо ба савдои дохили ва хоричи мусоидат мекард. Сугдбо мамлакатхои Шарку Гарб ва инчунин бо ахолии даштхои шимоли муносибатхои тичорати дошт.

Хусусан алокахои тичорати дар байни Сугд ва Рум вусъат ёфта буд. Такрибан аз асри 2 савдогарону рухониёни буддоии сугди, хунармандон, чанговарон, сарлашкархо, олимон ва гайра аз ин чо баромада, дар Хиндустону Хитой амал мекардаанд. Аз асри 4 онхо дар мухимтарин роххои савдо аз Марв сар карда то Хитою Мугулистон бошишгоххо ва корвонсаройхо сохта буданд, дар бисёр шахру нохияхо махаллахои сугднишин мавчуд буд (дар топонимияи асрхои 10— 11-и Хафтруд унсурхои сугди бис ёр дида мешуд).

Дар асри 5 дар Сугд ташаккули муносибатхои феодали огоз ёфт. Дехконон (номи хамонвактаи аъёну ашрофи мулкдор), точирон ва кохинони табакаи олии чамъият ба шумор мерафтанд. Ба онхо кадевархо ва гуломон мукобил меистоданд. Кадевархо ба заминдорон аз чихати иктисоди мутеъ буданд. Онхо аслан аз табакахои озоди ахоли пайдомешуданд. Шумораи кадевархо аз хисоби баъзе табакахои бенавошудаи ахолии дехот ва кавмхои патриархали, инчунин аз хисоби гуломон меафзуд. Истилои араб тафрикаи табакахои чамъиятро тезонд, шумораи табакахои мутеъ афзуд. Дар муборизаи дуру дароз бо истилогарон хатто як кисми дехконони бобизоат макоми иктисодии худро аз даст доданд. Кохинон бархам хурданд, чои онхоро рухониёни мусулмон гирифтанд.

Мардуми Сугдро сугдиёи ташкил медоданд. То истилои араб забони сугди аз маъмултарин забонхои Осиёи Миёна буд. Аз асрхои 7—8 сар карда, ба андозаи дар Мовароуннахр пахн шудани забони точики (дари) забони сугди тадричан мавкеи худро аз даст дод. Аз асри 10 сар карда забони точики забони асосии тамоми Сугд гардид. Лекин то асрхои 13—14 дар баъзе нохияхои чудогонаи саргахи Зарафшон забони сугди хануз зинда буд. Дар чойхои баландкухи водии Ягноб забони сугди то замони мо (то соли 1970) худро нигох дошта тавонист (нигаред Забони ягноби). Сугдиён хату адабиёти хос доштанд. (Нигаред Хати сугди). Солхои охир аз Панчакент, Варахша, Шахристон (нохияи Уротеппа), Афросиёб ва аз дигар шахру дехоти кадимии Осиёи Миёна дар руи тангахо, деворхо, сафолпорахо, устухонхо ва дигар ашёхо бисёр катибахои сугди ёфт шуданд. Аз осори адаби ба гайр аз мукотибаи зикршуда, тарчумаи сугдии асари бадеии буддои «Вессантра чатак», ривоят дар бораи Сиёвуш, порча аз достони Рустам ва Рахш, баъзе масалхои «Калила ва Димна» маълуманд. Дар охири асри 8 ва аввали асри 9 дар байни ахли хиради Сугд ва дигар нохияхои точикнишини Осиёи Миёна нахзати шуубия шайдо шуд, ки яке аз аввалин намояндагони он фарди сугди Хураймии Самарканди буд. Аввалин намояндагони адабиёти дари — точикии Сугд шоирон Абухафси Сугди ва Абулянбаги (Абутаки) буданд. Солхои охир дар бораи масолехи бинокори, тарзу услуби сохтмон ва санъати ороишии Сугд маълумоти нав ба даст омад. Ба санъати меъмории Сугд хонахои камбари росткунчаи гумбаздор ва хонахои чоркунчаи бомашон пахн хос буд. Техникаи равоксозию гумбазсози ва сохтмони ошёнахою пагнахо (даромадгохи хамвори нишеб) ба баланд будани дарачаи санъати меъмории Сугд далолат мекунанд. Дар байни бинохои дар Панчакенти Кадим кушодашуда бинохои дуошёна ва сеошёна хастанд, ки деворхои 3—4 ва 8—9-метра доранд. Деворхо бо кахгил ё гач андова шудаанд. Тахсутунхои сангини хеле хуб тарошидашуда, бокимондаи сутун ва болорхои сухта ёфт шудаанд, ки накшхои ачоиб доранд ва аз махорати баландикандакорону сангтарошони Сугд шаходат медиханд. Тарзу услубхои ачоиби сохтмон ва санъати меъмории Сугдро дар осори меъмории Афросиёб ва Варахша, Пайканд, Кофиркалъа ва Тали Барау дидан мумкин аст. Дар водии Зарафшон калъаи Гарданаи Хисор тадкик шуд. Дар дараи Могиён ёдгорихои зиёде тадкик шуданд ва хамаги дар водии Болооби Зарафшон зиёда аз 50 ёдгории ибтидои асрхои миёна омухта шуданд, ки якчоя бо ёдгорихои чануби Сугд— хавзаи дарёи Кашкадарё шохиди санъати баланди меъмори ва хунармандии мардуми Сугд мебошанд. Бозёфтхои археологи аз санъати баланди хайкалтароши ва тасвири низ дарак медиханд. Сугдиён аз чуб, филизот, гил ва гач хайкалхои хеле зебову дилкаш ва пурмазмуни одам, хайвонот ва гайраро месохтанд. Санъати нафиса бар бунёди анъанахои кадими махалли карор гирифта, дар асрхои 6—8 ба дарачаи баланди тараккиёт расида буд. Дар Сугд равияхои гуногуни санъати наккоши чори буданд. Дар руи девор манзарахои курбони, оташпарасти, ракси маросимии дини, азову сугвори, базму зиёфат, зурозмоии чанговарону пахлавонон ва дигар лахзахои хаёти сугдиён акс ёфтаанд. Дар аксари манзарахо занон хам хастанд. Онхо баробари мардон дар базму зиёфатхо ширкат карда, асбобхои гуногуни мусики навохта, мераксидаанд, либоси чанги пушида дар мусобика ва чангхо иштирок мекардаанд.

Дар хаёти мадании сугдиён санъати мусики чои (махсусро ишгол менамуд. Дар байни хайкалчахои сершумори гилие, ки дар Сугд ёфт шуданд, хайкалчахои марду занхое хастанд, ки найу сурнай ва уду даф менавозанд. Дар деворнигорахои Панчакенти Кадим навозандагони таблак, уд, барбат, най, дуёни ва гайраро дидан мумкин аст. Мардумл Сугд на танхо бо мусикии худ, балки бо санъати баланди ракс хам шухрат доштанд. Охангхои раксхо сурудии махсус мавчуд буд. Баъзе раксу сурудхо якка ва баъзеи онхо чомеъона ичро мешуданд. Бухоро бо актёрхои худ шухрат дошт. Театри лухтак дар асри 7 аз Осиёи Миёна ба Хитой рафтааст.

Дину маросимхои мардуми Сугд асосан ба зардуштия, хусусан маздоия вобастаги дошт ва бо урфу одатхои махалли омезиш ёфта буд. Дар Бухоро рузи 28 мохи аввал—иди мугхо буд. Мардум дар дехаи Рамуш дар маъбади оташ чамъ шуда, шодию хурсанди мекарданд. Иди Агам маъмултарин чашни солинавии мардум ба хисоб мерафт. Дар яке аз моххо сугдиён аз хама гуна хурокихо ва нушокихо, аз хамаи он чи ки оташ расида бошад, пархез мекарданд ва факат сабзавоту мева мехурданд. Дар рузи якуми мохи оянда, дар оташкада чамъ шуда, хуроки махсусе мехурданд, ки аз орду равгану канд тайёр карда мешуд. Соле як бор мардуми Сугд бар гузаштагони худ азо мегирифтанд, гиря мекарданд, руи худро меканданд, барои мурдахо хуроку нушоки мемонданд. Бино ба накли Наршахи, дар Бухоро субхи рузи нави Соли Нав ба Сиёвуш хурус курбони мекарданд, ки онро кини Сиёвуш меноманд. Дар Самарканд эътикод доштанд, ки чавони илохи мохи хафтум мурда буд ва устухонхояш гум шудаанд. Онхо либоси сиёх пушида, пойлуч гирён ба сахро мебаромаданд ва мурдаи чавони илохиро чустучу мекарданд. Ин маросим рузи хафтум хотима меёфт. Образи Сиёвуш на факат ба парастиши мурдахо, балки ба эътикоди кадимтаре дар бораи мурда ва зиндашавии худои рустанихо алокаманд буд. Дар катибахои Калъаи Муг номи худо Бага ва Мехр сабт шудааст, сугдиён номи Ахурамаздоро ба забон намегирифтаанд ва наменавиштаанд ва ба чои у онномхоро истифода мебурдаанд. Дар матнхои сугдии буддои худои сугди Зарванна хамрадифи Брахма аст ва «бузург» ва «шохи худохо» гуён сифат шудааст. Номхои Варэтрагна (Вашегн), Наная, Хиваренах (Фарн), Тиштрия ва гайра низ парастида мешуданд. Дар катори дини махалли дар Сугд динхои буддоия, масехият, монавия низ маъмул буданд. Нигаред низ Сугдиён.

Адабиёт: Смирнова О. И., Очерки истории Согда, Москва 1970; Frуе R., Тhе Нistori оf аnсiеntIrаn, Мunсhеn. 1984.

А. Чалилов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …