Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СУГДИЁН

СУГДИЁН

СУГДИЁН, яке аз кадимтарин халкхои эронинажоди Осиёи Миёна буда, байни хаpораи 1 то мелод— асрхои 8—9 мелоди дар Сугд, Бухоро, Истаравшан ва баъзе дигар нохияхои Осиёи Миёна зикдагони мекардаанд. Сугдиён аз гурухи халкхои кадими шарки эрони буда, аз ачдоди асосии точикон ба шумор мераванд. Сайёхи ЧинСюан-Цзан Сугдиёнро мардуми хеле богайрат ва часур донистааст. Ба кавли у сипохиёни сугди «басе далеранд ва хеч гох аз марг наметарсанд; ба хамлаи онхо ягон душман тоб оварда наметавонад». Муаррихони асрхои 9—10 (Табари, Балозури ва дигар) низ хангоми тасвири забткорихои арабхо дар Осиёи Миёна Сугдиёнро далеру чанговар ба калам додаанд. Аз руи мусавварахои руи деворхо доир ба навъхои силохи сарбозони Сугдиён (акинак, шамшер, тиру камон, найзаю гурз, табарзину сипар) либоси харбии онхо (зиреху тоскулох, чавшану остинча ва гайра) ва тарзи истифодаашон тасаввурот пайдо шуд.

Сугдиён ба забони сугди гап мезаданд. Аз руи катибахои кадима забоншиносон тахмин мекунанд, ки хати Сугдиён асрхои 3—2 то мелод пайдо шудааст. Сугдиёнхои 1932—33 дар худуди пешинаи Сугд, дар калъаи Муг (нигаред Хуччатхои Калъаи Муг) архиви Деваштич (аввали асри 8) ёфт шуд. Архив кариб аз 80 хуччати асли иборат буда, дар когаз, чарм ва чуб навишта шудааст. Он на факат дар тадкику тахлили забони сугди ва сарфу нахви он, балки дар тафсиру ташрехи чандин чихатхои таърихи маданияти Сугдиён дар асрхои 7—8 низ ёрии калон расонд.

Сугдиён аз кадим ба зироат, богдори, обчакори ва чорводори шугл доштанд. Дар кашоварзи заминхои оби зиёд буданд. Бостоншиносони совети бокимондахои иншооти обёрии Сугдиёнро ёфтаанд, ки онхо аз дарачаи баланди тараккиёти системаи обёрии Сугдиён гувохи медиханд.

Сугдиён конкобон ва хунармандони мохир низ буданд. Онхо тилло, нукра, охан, калъаги ва баъзе дигар навъхои филизотро истихроч мекарданд. Дар истехсолоти хунарманди хусусан пешахои охангари, бофандаги, заргари, шишагари, чармгари, когазтайёркуни, сангтароши ва кандакори ривоч ёфта буданд.

Сугдиён чун точирони мохир низ машхур буданд. Точирони сугди асрхои 4—3 то мелод бо мамлакатхои Шарк, аз чумла Хитой, робитахои тичорати доштанд. Онхо на факат дар савдои байни нохияхои Осиёи Миёна, балки байни мамлакатхои Гарбу Шарк низ роли миёнаравро мебозиданд. Сугдиён анъанахои бои давлатдори доштанд. Давлати онхо дар Осиёи Миёна яке аз аввалин ва кадимтарин давлатхо буд. Катьи назар аз тохтутоз ва забткорихои пай дар паи ачнабиён (Хахоманишиниён, Искандари Макдуни, Кушониён. Хайтолиён, Хокони турк ва гайра) Сугдиён анъанахои бои хочагидори, ичтимои, сиёси ва мадании худро махфуз доштаанд.

Дар арафаи истилои араб (асри 7) давлати Сугдиён аз иттиходи 2 вилоят, 5 шахр — округ ва 14 русто (район)-и вохахои дарёхои Зарафшон ва Кашкадарё иборат буд. Дар сари иттиход шох меистод, ки вай унвони «ихшиди Сугд афшини Самарканд»-ро дошт. Хамчун «афшин» у хокими Самарканд ва хамчун «ихшид» шохи тамоми Сугд хисоб мешуд. Дар ин давра дар чамъияти Сугдиён муносибатхои феодали ривоч ёфта, заминдории калони феодали ба вучуд омад.

Дар байни Сугдиён сохибмаълумотхо бисёр буданд. Сафири Хитой Вей- Цзе, ки аввали асри 7 ба Самарканд омада буд, оид ба ахолии он навишта аст: «Мардуми он чо хама точирони мохиранд; хамин ки бача панчсола шуд, уро хату савод меомузонанд, хонданро, ки ёд гирифт, водор мекунанд тичорат омузад». Сугдиён дар бисёр илмхои давраи то истилои араб ба комёбихои калон ноил шудаанд. Аз баъзе маълумоти маъхазхои хатти ва бозёфтхои археологи маълум мегардад, ки дар замони Сугдиён математика, астрономия, хукукшиноси, таърих ва адабиёт хеле ривоч доштааст. Яке аз аввалин асархои бадеии Сугдиён достонхои асотирианд дар бораи Рустам, Барзу, Коваи охангар ва Сиёвуш барин кахрамонхои халки. Аз адабиёти бой ва серсохаи Сугдиён то ба замони мо, мутаассифона факат баъзе порчахои хурд расидаанд. Агар онхоро бо назми асримиёнагии точикон мукоиса кунем, маълум мегардад, ки назми точикон бо эчодиёти лафзии халк ва адабиёти хаттии бадеиисугдиён бевосита алока доштааст. Сугдиён мачмуи конунхои хатти доштанд, ки тавассути он масъалахои мурофиаи судиро хал мекарданд. Мувофики он конунхо ба чинояткорон чазохои сахт дода мешуд. Масалан, барои чинояти вазнин тамоми авлоди чинояткорро ба катл мерасониданд, барои чинояти сабук бошад, худи гунахгорро мекуштанд; барои дузди ду пои дуздро мебуриданд. Чунон, ки Сюан-Дзаан кайд мекунад, барои баъзе чиноятхо дастони гунахгорро мебуриданд ё дарра мезаданд ва ё аз шахр бадарга мекарданд.

Сугдиён дар меъмори хишти хом, похса ва чубро фаровон истифода мекарданд. Меъморон усулхои бехтарини деворзанию тархкаширо ба кор мебурданд. Барои ороиши иморат кандакории руи сант, чуб, гил, гач, инчунин накшу нигорро кор мефармуданд.

Дар байни Сугдиён хайкалтарошию наккоши макомии баланд дошт ва ин сохахои хунар дар заминаи анъанахои махалли инкишоф меёфтанд. Хайкалтарошон аз гил, гач, чуб, охан ва биринчи хайкалхои хеле зебову дилкаши одамон, хайвонот ва махлукхои афсонавиро бо махорати баланд меофариданд. Санъати наккоши хам бо рохи тасвири хаёти вокеи пеш мерафт.

Сугдиён ба мусики низ шавку хаваси зиёд доштанд ва дар байни онхо най, даф, уд, чанг, барбат, дойра, дуёни барин асбобхои мусики хеле маъмул будаанд. Аксари ин асбобхо намудхои гуногун доштаанд.

Дини Сугдиён асосан зардуштия буд, аммо дар байни онхо монавия, буддоия, маздакия ва баъзе эътикодоти дини (масалан, парастиши ачдод ва гайра) низ маъмул буд. Сугдиён оташпараст буданд ва ба оташ сачда мекарданд. Онхо майитхои худро намегуронданд, факат устухонхои аз гушт чудо кардашудаи майитро ба устадон андохта ба новус метузоштанд.

Сугдиён маданияти баланде доштанд, ва махз дар заминаи анъанахош чандинасраи хочагию мадании Сугдиён дар ибтидои асрхои миёна маданияти точикон ташаккул ёфт. Нигаред низ Сугд.

Адабиёт: Чалилов А., Дурдонахои маданияти кадима, Душанбе. 1973. А. Чалилов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …