Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУБСТРАТ

СУБСТРАТ

СУБСТРАТ (аз лотини substratum — асос), осори забони аслии мардуми махаллист, ки дар забони нави онхо бо сабабхои гуногуни таърихи рох ёфтаанд. Масалан, Субстрати келти дар забони франсави, Субстрати даки дар забони румини, Субстрати эрони дар баъзе шевахои забони узбеки. Субстрат натичаи дузабони ва таъсири мутакобили онхост. Дар натичаи кухнаву нав шудан ва таъсири мутакобили забонхо як забон истиклол пайдо карда, забони дигарро ба таъсири худ мегирад, аммо баъзе хусусиятхои он забонро нигох медорад. Унсурхои Субстрат аз конуниятхои аслии инкишофи дохилии забони мустакил истисност. Аломатхои онро бо рохи тадкики эътимодноки мукоисавии таърихи муайян кардан мумкин аст. Таъсири Субстратро дар фонетика ва лексика мушохида кардан мумкин аст. Тадкики Субстрати дар муайян кардани хусусиятхои таърихии инкишофи забонхои чахон ахамияти калони илми дорад.

  1. Курбонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …