Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРУМИЛИН Станислав Густавович

СТРУМИЛИН Станислав Густавович

stanislav

СТРУМИЛИН (Струмилло Петрашкевич) Станислав Густавович (29. 1. 1877, дехаи Дашковцы, хозира нохияи Летинский вилояти Вийсина—25. 1. 1974, Москва), иктисодчи ва статистики совети, академики Академияи Фанхои СССР (1931), Кахрамони Мехнати Сосиалисти (1967). Аъзои КПСС аз соли 1923. Соли 1897 дар харакати революционии коргари фаъолона иштирок карда, ба таъкиботу чазо дучор гардид, ду бор аз бадарга фирор намудааст. Вакили съездхои 4-ум (Стокголм, 1906) ва 5-уми (Лондон,1907) РСДРП.

Асархои у асосан ба иктисодиёт, статистика, рохбари ба хочагии халк, планкаши, пешгуии демографи, иктисоди сиёсии социализм, таърихи иктисодиёт, коммунизми илми, сосиология, фалсафа оиданд, Струмилин муаллифи яке аз услубхои мукаррар кардани индекси самаранокии мехнат («Индекси Огрумилин») мебошад. Дар тахти рохбарии Струмилин дар чахон аввалин системаи балансхои материали тартиб дода шуд. Струмилин муаллифи бештар аз 700 асари илми буд. Аъзои Академияи Фанхои Полша ва Руминия, доктори фахрии Университети Варшава, аъзои фахрии Чамъияти демографи дар назди Академияи Фанхои РСЧС.

Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1942), Мукофоти ленини (1958). Бо 3 ордени Ленин, орденхои Революцияи Октябр, Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.

Асар: Избранные произвидений, том 1—8, Москва, 1963—68.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.