Маълумоти охирин
Главная / Илм / СТРАТИГРАФИЯ

СТРАТИГРАФИЯ

СТРАТИГРАФИЯ (аз лотини stratum кабат ва …графия), як фасли геолологияи таърихист, ки пайдархамии пайдоиши чинсхои кухи ва аввалии робитахои мутакобилаи фазоии онхоро меомузад. Барои мукаррар намудани синни тахнишастхои омухташуда таркиби бокимондахои организмхо, ки аз табакахои тахшини ёфт шуда, аз инкишофи нотакрори олами органикии замин дарак медиханд, ахамияти калон доранд. Аз хамин сабаб Стратиграфия бо палеонтология ва геохронология алокаманд аст. Стратиграфия пайваста ба ташаккули илми геология пайдо шудааст.

stratigrafy

Дар асрхои миёна гояхои стратиграфиро Беруни ва Абуалии Сино баён кардаанд. Дар асри 17 олими данияги Н. Стено, ки конуни пайдархамии кабати чинсхои кухи мавсум ба уст, баъзе масъалахои ташаккули Стратиграфияи илмиро тадкик кард. Вале асоси Стратиграфияро дар асри 18 олими немис И. Леман, Г. Фюксел ва олими рус М. В. Ломоносов гузоштанд. Дар бобати тартиб додан ва ихтирои шкалаи умумии стратиграфи хиссаи геологхои рус ва совети А. П. Карпинокий, Н. И. Андрусов, А. П. Павлов, Д. В. Наливкин, А. Н. Криштофович, В. В. Меннер, олгемони франсави Э. Ог, М. Жинто, немис Й. Валтер, О. Шиндеволф, австрияги М. Неймайр, америкои Ч. Уолкотт, Ч. Шухерт на К. Данбар калон аст. Дар миёнахои асри 20- махсусан мархилахои кадимтарини инкишофи Замин босуръат омухта шуданд.

Конуни пай дар хам хобидани кабатхо принципи асосии Стратиграфия аст. Мувофики он дар сурати дуруст хобидани кабатхо хар як кабати поёни нисбат ба болои кадимтар хисоб меёбад. Истиснои ин конунро дар он мавридхо дидан мумкин аст, ки дар натичаи деформасияхои тектовикл тарзи хобиши аввалаи кабатхо вайрон ва онхо чаппагардон шудаанд.

Вазифаи асосии Стратиграфияи имруза муайян кардани пайдархамии умумии тахнишастхои кишри Замин мебошад. Ин вазифа махсусан барои тахнишастхои кадимтарини токембрий мухим аст.

Стратиграфия асоси тадкикоти регионалию геологи буда, барои фахмидани хусусиятхои тектоникии махал, муайян кардани самтхои чустучу ва инкишофи сарватхои табиат имкон медихад; ин махсусан ба конхои кабатдор (нефт, ангишт, маъдани охан ва манган, фосфорит, боксит, намаксанг ва намаки калий, вараксангхои сиёхи урандор ва гайра) тааллук дорад, «ки онхо ба сатхи муаияни стратиграфи мансубанд. Буриши стратиграфиро муфассал наомухта, тартиб додани харитахои геологи ва гузаронидани хар гуна корхои инженерию геологи мумкин нест.

Нигаред низ Геохронология.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …