Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРАХОВ Николай Михайлович

СТРАХОВ Николай Михайлович

nikolay_strahov

СТРАХОВ Николай Михайлович (15. 4. 1900, шахри Болхов, хозира вилояти Орел—13. 7. 1978, Москва), геолог ва геохимики совети, академики Академияи Фанхои СССР (1953; аъзокоррспонденти 1946). Страхов дар СССР асосгузори литологияи назарияви ба хисоб меравад. Асархои илмиаш масъалахои муайян кардани генезиси тахшинхои хозираи бахрхои Сиёх, Каспий, кулхои Арал, Балхаш, инчунин укёнусхои Ором, Атлантик ва Хиндро дар бар мегиранд. Страхов тахаввули 4 навъи литогенезро вобаста ба таърихи Замин омухт; назарияи диагенез, галогенез, маъданхосилшавип гумидиро тахия кард; вараксангхои сузанда, намакхои гуногун, маъданхои охану манган ва чинсхои кухии дар таркибашон охаксангу доломит доштаро тадкик намуд. Страхов дар инкишофи геохимияи чинсхои тахшини хисса дорад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1948) ва Мукофоти ленини (1961). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени Байраки Сурхи Мехнат, медали тиллои ба номи А. П. Карпинский (1967) ва гайра мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.