Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТИЛ Андре

СТИЛ Андре

andre_stil

СТИЛ (stil) Андре (таваллуд 1. 4. 1921, Эрни, департаменти Нор), нависандаи франсави, публицист. Аъзои Партияи Коммунистии Франция (ПКФ) аз соли 1942. Университети Лиллро хатм кардааст. Иштирокчии Харакати мукобилат. Ходими партияви, журналист (1945—49) буд. Солхои 1950— 59 сармухаррири газетаи «Юманите», сипас шорехи адабии он. Номзад ба аъзои ва аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Франция интихоб шудааст (‘1950—69). Аввалин мачмуаи хикояхои Стил— «Кухкан» (1949) аз хаёти ангиштканон хиксоят мекунад. Дар романи сегоная Стил «Зарбаи аввал» (1951—53; барои кахрамони 1 Мукофоти девлатии СССР, 1952; тарчумаи точики 1956) муборизаи ватандустонаи франсавиён бар зидди барпо кардани базаи харбии америкоихо, талош бахри сулх тасвир шудааст. Дар он мавзуи иттиходи коргарон ва Партияи каммунисти макоми калон дорад. Соли 1952 китоби Стил «Ба суи реализми социалисти» нашр шуд. Стил муаллифи романхо ва хикояхои зиёдест.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.