Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТЕЛЬМАХ Михаил Афанасьевич

СТЕЛЬМАХ Михаил Афанасьевич

stelmah_mihafan

СТЕЛЬМАХ Михаил Афанасьевич (24. 5. 1912, дехаи Дьковци, хозира вилояти Винница —27. 9. 1983, Киев), нависандаи советии украин, Кахрамони Мехнати Сосиалисти

(1972). Аз оилаи дехкони камбагал. Институти педагогии Винницаро хатм кардааст (1933). Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941-45). Солхои 1945—53 дар Институти санъат, фолклор ва этнографияи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Украина кор кард. Асархояш аз соли 1936 инчониб чоп мешаванд. Муаллифи якчанд мачмуаи шеърхо, пьесахо ва китобхои бачагона аст. Дар раману повестхои Стельмах мархилахои асосии хаёти дехоти Украинаи асри 20 инъикос гардидаанд: трилогияи «Хешони наздик» (1949—50; Мукофоти давлатииСССР, 1951), «Хуни одами об не» (1957; тарчумаи точики 1962), «Нону намак» (1959; Мукофоти ленини, 1961). Романхои «Росту дуруг» (1961) ва «Бо ёди ту» (1969), киссахои бачагонаи «Кухо дар парвозаид» (1964), «Шомгохи босаховат» (1967) ва гйра. Насри Стельмах, ки дар он ба рухияи дехкони диккати амик дода шудааст, бо бисёр хусусиятхои худ, аз чумла, боигарии забон, услуби лирикию романтики, унсурхои фолклори ва этнографи аз насри муосиронаш фарк мекунад. Китобхои Стельмах ба бисёр забонхои халкхои СССР ва дунё тарчума шудаанд. Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 6—10). Бо 3 ордени Ленин, 5 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.