Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТЕКЛОВ Владимир Андреевич

СТЕКЛОВ Владимир Андреевич

steklov-vladimir

СТЕКЛОВ Владимир Андреевич (28. 12. 1863, Нижний Новгород, хозира Горький—30. 5. 1926, Крим, дар Ленинград мадфун аст), математики совети, профессор университет(1906) ва академики Академияи Фанхои Петербург (1912; аъзо-коррспондент 1902). Ноиб-президенти Академияи Фанхои СССР (1919-26).

Соли 1887 Университети Харьковро хатм намуда, дар кафедраи механикаи хамин университет кор кард (1889—1906), профессор аз соли 1896. Дар Институти технологии Харьков дарс гуфтааст (1893—1905). Бо ташаббуси Стеклов дар назди Академияи Фанхои СССР Институти физикаю математика ташкил карда шуд (Стеклов то охири хаёташ директори он буд). Соли 1926 ин институт номи Стекловро гирифт. Соли 1934 институти мазкур ба ду интститут чудо шуд (яке аз онхо Институти математикаи Академияи Фанхои СССР холо хам ба номи Стеклов аст).

Асосан оид ба татбики усулхои математики дар халли масъалахои табиатшиноси ва физикаи математики тадкикот бурда, назарияи потенциалхоро инкишоф додааст. Доир ба тахлили математаки, аз чумла формулахои квадратури, назарияи чандири дар гидромеханика асархо таълиф намудааст. Стеклов на танхо математик, балки файласуф ва нависанда низ буд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.