Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАРИКОВ Алексей Аркадьевич

СТАРИКОВ Алексей Аркадьевич

СТАРИКОВ Алексей Аркадьевич (30. 11. 1892, Москва—1. 3. 1962, хамон чо), шаркшинос-эроншиноси совети. Аз оилаи инженер. Курсхои махсуси Институти забонхои Шарки Лазарев (1915) ва факултети хукукшиносии Университети Москваро (1916) хатм кардааст. Муаллими Институти шаркшиносии Москва (1938—56), факултети филологияи Университети давлатии Москва (1943—56), Институти забонхои Шарк (хозира Институти Осиё ва Африкаи Университети давлатии Москва) (1956—62) ва ходими илмии Институти адабиёти чахонии Академияи Фанхои СССР (1957-62) буд.

Стариков бо масъалахои таърихи шаркшиносии рус, равобити адаби, тахлили маснавихои Хусрави Дехлави ва омузишу тафсири «Шохнома»-и Фирдавси машгул шудааст. Чилдхои 1 ва 2 тарчумаи русии «Шохнома» (Москва, 1957, 1960, нашри академи) бо тавзехоти у чоп шудаанд. Стариков якчанд порчаи «Маснави»-и Чалолуддини Румиро ба забони руси тарчума кардааст.

Осор: К вопросу о традиции эпической «Пятерицы» в литературах восточного средневековья (Низами, Хосрав Дехлеви и их подражатели), дар китоби; Взаимосвязи литератур Востока и Запада, Москва, 1961.     Т. Гольц.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.