Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЗИШНОМАХОИ ЖЕНЕВА

СОЗИШНОМАХОИ ЖЕНЕВА

СОЗИШНОМАХОИ ЖЕНЕВА (1954, доир ба Хиндухитой), 26 апре—21 июли 1954 дар мачлиси машваратии вазирони корхои хоричии СССР, РХХ, Британияи Кабир, ШМА ва Франсия оид ба мухокимаи хуши ба хуши хал намудани масъалаи Корея ва баркарор кардани сулх дар Хиндухитой (дар мухокимаи масъалаи Хиндухитой намояндагони РХХ, РДВ, Камбоча, Лаос ва Ветнами Чануби низ иштирок доштанд) ба имзо расиданд. Созишномаи Женева ба чанге, ки Франсия аз сентябпи 1945 ба мукобили халкхои Ветнам, Лаос ва Камбоча мебурд, хотима доданд. Сохишномаи Женева иштирокчиёни мачлисро ухдадор намуданд, ки истиклолият ва дахлнопазирии худуди давлатхои Хиндухитойро эътироф намуда, ба корхои дохилии онхо дахолат накунанд. Созишномаи Женева принсипхои халли масъалахои сиёсии Хиндухитойро муайян карда, мукаррар намуданд, ки дар хар яке аз ин мамлакатхо интихоботи умуми гузаронида шавад ва сохтани базахои харбии хоричи дар онхо, инчунин ба блокхои харби иштирок намудани ин мамлакатхо манъ карда шавад. Барои назорати ичрои Созишномаи Женева Комиссияи байналхалки дар хайати намояндагони Хиндустон (раис), Полша ва Канада ташкил карда шуд. Созишномаи Женева дар Декларатсияи хотимви чамъбаст гардид, ки онро аксарияти иштирокчиёни мачлиси машваратии Женева маъкул донистанд. Намояндаи ШМА бо ин Декларатсия пурра рози нашуд. Баъди катъи амалиёти харби дар Хиндухитой факат дар Камбоча (1955) ва Лаос (1958) интихобот гузаронида шуд. Бо айби хукуматдорони Ветнами Чануби ва империалистони ШМА дар Ветнам интихобот барпо нагардид ва мамлакат ба ду кисм таксим шуд. Факат дар натичаи муборизаи озодихохонаи халки Ветнам соли 1975 мамлакат муттахид шуд. Аз тарафи ШМА ва иттифокчиëни он вайрон кардани Созишномаи Женева боиси эътирози халкхои хамаи мамлакатхои руи чахон гардид.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.