Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СОВЕТИ МУДОФИАИ КОРГАРУ ДЕХКОН

СОВЕТИ МУДОФИАИ КОРГАРУ ДЕХКОН

СОВЕТИ МУДОФИАИ КОРГАРУ ДЕХКОН (1918—20) (Совети мудофиа), органи олии фавкулодаи Давлати Советист, ки дар шароити чанги граждани ва интервенсияи харбии 1918—20 амал мекард. Маркази асосии харбию хочагии Республикаи Совети хисоб мешуд. Аз тарафи КИМ-и Умумироссия (30 нояб. 1918) бо максади ичрои декрети он (аз 2 сентябри 1918), ки Республикаи Советиро лагери харби эълон карда буд, ташкил ёфт. Барои сафарбар намудани кувваю воситахо бахри хифзи Давлати Совети хукуки ко- мил дошт. В. И. Ленин чун раиси СКХ Раиси Совети мудофна таъил шуд. Ба хайати Совет намояндагони КИМ-и Умумироссия, СХР Республика, Комиссариати халкии роххои наклиёт, чонишини комиссари халкии озука ва раиси Комиссияп фавкулодаи таъмини Армияи Сурх дохил мешуданд. Котиби Совети мудофиа Л. А. Фотиева буд. Карорхои Совети мудофиа барои муассисаю идорахои маркази ва хамаи гражданхо хатми буданд. Вай фаъолияти СХР ва диг. органхои харбиро назорат мекард. Апрели 1920 Совет ба Совети мехнат ва мудофиа табдил ёфт.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …