Маълумоти охирин

ШОЛИ

ШОЛИ, шалтук (Oryza) , яке аз маъмултарин зироати галладона; растании як ва бисьёрсолаест аз оилаи хушаихо. Дар дуньё 19 намуди Ш. (асосан дар нохияхои тропики) Меруяд ва аксар худруянд.

Ш.-и кишта (О. sativa) растании яксола аст. Аз 50 см то 3—4 м кад мекашад.

sholi1

Ш.-и кишта зироати бахори ва гармпарвард аст. Давраи нашваш 90-156 шаборуз. Тухми хангоми ба 10—12°С расидани харорати хок неш зада, дар харор. 20—25°С нагз нашъунамо меёбад. Ш. ба об серталаб аст. Онро хамеша дар палхои обкул мекоранд. Махсусан дар давраи хушабанди ба об бештар эхтиёч дорад.

Ш. барои кисми зиёди ахолии кураи замин зироати асосии галладона хисоб меёбад. Аз Ш.-и мукашшар — биринчу таомхои гуногуни болаззат мепазанд. Коху пахоли Ш. хуроки хуби чорвост. Ш. аз кадимулайём маъмул аст. Онро хатто дар даврахои пеш аз милод мекоштанд. Ба акидаи олимон Ш. аслан аз чан. шарки Осиё (Хиндустон, Вьетнам, Бирма) аст. Шоликори аз кадим дар Хитой (5 хаз. сол то м.) ва Африка (2 хаз. сол то м.) маъмул буд; дар Европа а. 8, дар Америка а. 17 cap шудааст. Дар худуди Точикистони имруза Ш,-ро хануз 2—3 хаз. сол пеш аз м. кшпт мекарданд.

Дар Точикистон асосан навхои Ш.-и «Уз РОС-7-13». УзРОС-59», «ВРОС-3716», навъхои махаллии «Хочаахмад» ва «Кирмизи»-ро мекорранд. С. 1982 дар республика аз 6452га шолизор 24358 т (аз хар га_андаряк 37 ц) хосил гирифтанд. Раёнхои асосии шоликори республика: Панчакент, Нов, Хучанд,  Куйбышев, Исфара,  Фархор, Колхозобод, Панч, Шахртуз.  Махсусан хочагихои шоликори раёни Панчакент хосили фаровон меруёнанд. С. 1982 хочагихои ин раён аз хар га (669 га) андаряк 60 ц . (дар к-зхои «Ленинград» 68 ц, ба номи К. Маркс  70 ц) хосил гирифтанд. Дар хочагихои шоликори республика Ш.-ро нимаи дуюми мохи апр, ва авв. мохи май кишт мекунанд. Ба хар га аз 160-170 кг Ш.-и донаш майда) то 180—200 кг (Ш.-и донаш калон) Ш. мекоранд.

sholi

Ба хар га шолизор 120—150 кг нурихои нитрогендор, 100—150 кг нурихои фосфордор, 60—100 кг нурихои калийдор ва 20—30 т пору меандозанд.

Ад.; Косимов Ч. К-. Крейдик Б. М., Невзоров В. В., Зироатхои Точикистон, Д„ 1975.

Ю. Сайфов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …