Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СОХТМОНИ ЗИЛЗИЛАБАРДОР

СОХТМОНИ ЗИЛЗИЛАБАРДОР

СОХТМОНИ ЗИЛЗИЛАБАРДОР, сохтмони зиддисейсмики, сохтани бино ва иншоотро зимни ба хисоб гирифтани таъсири имконпазири куввахои сеисмои (инерциони) гуянд; дар нохияхои ба зилзила дучоргардида ва ё дар тахдиди зилзилабуда ба амал бароварда мешавад. Талаботи иловагие, ки онхоро объекти дар нохияи сейсмои сохташаванда бояд конеъ гардонад, ба интенсивияти зилзилаи имконпазири хамин вобаста буда, тавассути меъ- ёр ва коидахои махсус мураттаб ме- шаванд. Интенсивияти зилзиларо (дар мамлакатхои гуногун аз руи шкалахои гуногуни сейсмои муайян мекунанд. Дар Иттифоки Совети шкалаи дувоздахбалла (ГОСТ 6249— 52) кабул шудааст, ки мувофики он зилзилаи интенсивияташ беш аз 6 балл барои бино ва иншоот хатарнок хисоб меёбад. Дар нохияхое, ки интеясивияти зилзилаи эхтимолан аз 6 балл беш нест, барои таъмини зилзилабардории бино ва иншоот (гайр аз иншооти махсус) чорабинихои иловаги лозим нест.

soxtmon1

Зилзиланокии нохияро аз руи харитахои нохиябандии зилзила муайян мекунанд. Дар нохияхои зилзиланокиашон аз 9 балл зиёд сохтани бино ва иншооти инженери тавсия карда намешавад. Бино бар он дар харитахои нохиябандии зилзилаи СССР минтакахое кайд гардиданд, ки дар онхо ба амал омадани зилзилахои 6-, 7-, 8- ва 9-балла эхтимол дорад. Барои аник кардани зилзиланокии майдони бинокори дар нохияхои махдуд микросохилбандии зилзила гузаронида мешавад.

Аз сабаби он ки дар мавзее зилзилахо дер-дер ба амал омаданашон мумкин ва мухлати истифодаи бино ва иншоот махдуд аст, хангоми зилзила пурра бенуксон мондани бино ва илшоотро талаб намудан аз чихати иктисоди ба максад салох нест. Бинобар он дар меъёру коидахои Сохтмони зилзилабардори СССР шикасту рехти кисмхои алохидаи бино ва иншоот ба назар гирифта мешавад, ки он барои хаёти одамон ва тачхизоти киматбахо хавфе надорад.

Дарачаи таъсироти куввахои сейсмои ба бино ва иншоот ба таркиби спектрии зилзила, шароитхои инженерию геологии майдони сохтмон, инчунин ба хусусиятхои конструктивии объект вобастаги дорад. Аз назари сейсмики харсангзор ба зилзила бештар тоб меорад. Дар замини сусти нарм, нохияхои хокрезазор, обхои зеризаминидор ва дар мавзеъхои кухкоришуда сохтани бино ва иншоот номувофик аст, зеро барои бартараф намудани деформацияхо чорахои иловаги (масалан, аз чихати инженери тайёр кардани асоси иншоот) заруранд.

Омилхои зерин боиси зилзилабардории иншоот мегарданд: интихоби майдончаи бинокории аз чихати сейсмои мусоид, коркарди схемахои конструктивию плании иншоот, истифодаи чорахои махсуси конструктиви (масалан, таъсири куввахои сейсмои ба иншоот боздоштани элементхои иншоот аз вайроншави), истифодаи маснуоти бинокории фавкулматин. Барои зиёд намудани зилзилабардории иншоот сифати корхои сохтмони низ ахамияти калон дорад.

Дар нохияхои сейсмои таъсири куввахои сейсмикиро хисоб намуда, схемахои конструктиви ва андозахои буриши конструктивии биноро муайян мекунанд. Аник муайян намудани иктидор ва самти куввахои сейсмики имконнопазир аст, зеро хангоми зилзила лагжидали асоси иншоот ба бисёр омилхо вобаста мебошад. Ду усули такрибии бахо додани куввахои сейсмики — статики ва динамики маъмуланд. Дар усули статики иншоотро хамчун чисми мутлак сахт муоина мекунанд, ки хамаи нуктахояш якхела шитоб доранд ва ба шитоби асоси иншоот баробар мебошанд, куввахои сейсмикии ба иншоот таъсиркунанда бошад, ба хисоби зарби массаи иншоот ва шитоби асоси он баробар аст. Усули динамики, ки аз он дар СССР, Штатхои Муттахидаи Америка ва дигар мамлакатхо истифода мебаранд, сахтии хакикии элементхои иншоот ва конструкцняи васли онхоро ба назар мегирад. Хисобу китоби такрибии зилзилабардории иншоотро ба назар гирифта, ба меъёри ГОСТ як катор талабот ва махдудиятхои конструктиви дохил карда шудаанд (масалан, аз руи бар ва баланди махдуд кардави андозаи бинохои хишти, махдуд гардонидани буришхои минималии унсурхои бино, талабот оид ба истифодабарии арматура ва камархои оханубетони). Барои бинохои аз бетони яклухт сохташудае, ки дорои кафасаи пулоди ё худ оханубетони меоошанд, ягон хад (масалан, ба баландии бино) гузошта намешавад. Меъёрхои ГОСТ вобаста ба зилзиланокии майдончаи бинокори ва таъиноти иншоот бузургихои таъсироти сейсмои ва талаботи конструктивиро мукаррар менамоянд. Барои аксари иншоот зилзиланокии хисобукитоби ба зилзиланокии майдончаи бинокори баробар аст, аммо барои иншооти ахамияти махсусдошта он аз зилзиланокии майдончаи бинокори дида як балл зиёдтар ва барои иншооте, ки вайрон шудани он ба хаёти одамон ва тачхизоти киматбахо осеб намерасонад, як балл камтар мукаррар карда мешавад.

Адабиёт:          Современное состояние теории сейсмостойкости и сейсмостойкие сооружения, Москва, 1973.С. В. Кожаринов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …