Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СОХТИ ЧАМОАВИИ ИБТИДОИ

СОХТИ ЧАМОАВИИ ИБТИДОИ

СОХТИ ЧАМОАВИИ ИБТИДОИ, аввалин формацияи чамъиятию иктисоди дар таърихи инсоният. Асосгузорони таълимот дар бораи Сохти чамоавии ибтидои хамчун формацияи хоси чамъиятию иктисоди К. Маркс ва Ф. Энгелс мебошанд. В. И. Ленин онро минбаъд инкишоф дод. Бино ба акидаи маъмули илми муосир Сохти чамоавии ибтидои замонеро аз пайдоиши одамони аввалин то ба вучуд омадани чамъияти синфи дар бар мегирад, ки мувофики даврабандии археологи ба асри санг рост меояд. Дар Сохти чамоавии ибтидои муносибати хамаи аъзоёни чамъият ба воситахои истехсолот як хел аст, аз ин ру, тарзи хиссаи махсулоти чамъиятиро гирифтани онхо низ ягона буд, ки истифодаи истилохи «коммунизми ибтидои» бо хамин алокаманд аст. Фарки Сохти чамоавии ибтидои аз мархалахои минбаъда он аст, ки дар ин давра моликияти хусуси, синфхо ва давлат набуданд. Замони ташаккули одам ва чамъият дар давраи кадимтарини таърихи инсоният буд. Одамони шаклгирифта дар чамъияти бавучудоянда зиндаги мекарданд, ки онро бнсёр олимони совети, «рамаи ибтидоии одамон» меноманд. Агар архантроп (пигекантроп, синантроп, атлантроп, одами еёйделберги ва гайра) одамони аввалин дониста шаванд, санаи пайдоиши «рамаи ибтидоии одамон»-ро 1 млн сол пеш шуморидан мумкин аст. Мувофики акидаи маъмултар давраи «рамаи ибтидоии одамон» ба аввали палеолит рост меояд.

ibtidoi

Махалхои истикомати одамони аввалин — архантропхо нисбатан махдуд буда, онхо факат дар нохияхои иклимашон гарм (Африка, Осиёи Шарки ва Чануби, Европаи Чанубу Гарби) зиндаги мекарданд. Машгулияти асосии онхо шикори коллективи буда, найзахои чуби, калтак ва сангро хамчун аслиха истифода мебурданд. Синантропхо оташро истифода мекарданд. Баъди гуазштан ба палеоантропхо (неандерталихо) шикор василаи асосии зиндаги гардид. Одамон нохияхои иклимашон хунукро аз худ мекарданд. Усулхои коркард ва истифодабарии санг такмил меёфт.

Ба зироат ва чорводори гузаштани одамон гардиши куллие буд дар инкишофи куввахон истехсолкунандаи инсоният. Агар дар гузашта инсон хурокро факат дар шакли тайёри табии ба даст меоварда бошад, акнун онро худаш истехсол мекард, ки он барои афзоиши ахоли шароит фарохам овард. Пайдоиши зироат ва чорводори истехсоли мунтазами махсулоти изофаро таъмин намуда, ба чамъияти синфи гузаштанро имконпазир ва дар оянда ногузир гардонд. Дар охири фазаи дуюм барои ташаккули чамъияти синфи тамоми шароитхои зарури ба вучуд омаданд. Худи пайдоиши чамъияти синфи чараёни тулони, мураккаб ва мухталифе буд. Чамоа тадричан ба системаи торафт бештар аз якдигар фарккунандаи хочагихои хонаги, оилаи чуфтон ба оила моногами (якканикохи) табдил меёфт. Баъазе он ба пайдоиши оилаи калони падаршохи алокаманд аст. Аз дехкони чудо шудани хунарманди ба инкишофи минбаъдаи гардиши мол мусоидат намуд. Нобаробари аз чихати молу мулк, ки пештар ба вучуд омада буд, зиёд шуд. Шаклхои аз худ намудани махсулоти изофа инкишоф ёфта, ба системаи муносибатхои истисмори табдил меёфт. Гуломи ва шаклхои тобеияти асоратовар авч мегиранд. Моликияти хусуси тадричан ташаккул меёбад. Зиддиятхои ичтимои ба вучуд омада тезутунд мегарданд. Шаклхои алохидаи давлат ба вучуд омаданд, ки яке аз онхо демократияи харби буд. Чангхои горатгарона меафзуданд. Онхо процесси пайдоиши синфхо ва давлатро тезонданд.

Ёдгорихои Сохти чамоавии ибтидои дар терреторияи Точикистон. Маълумотхои археологи шаходат медиханд, ки кадимтарин кароргоххои одамони асри санги территорияи республика хамаи даврахои инкишофи Сохти чамоавии ибтидоиро инъикос мекунанд.

Бино ба маълумоти олимон инсон такрибан 2,5 млн сол пеш дар Африкаи Шарки аз олами хайвонот чудо шудааст. Минбаъд одамон аз Африка дар тули хазорахо ба кисмхои дигари чахон пахн шуданд. Онхо ба шароитхои мухталифи географи мутобик гашта, то охири асри сант дар тамоми сайёра маскан гирифтанд.

Бозёфтхои Кулдара ва Хонакох II (наздикии Ховалинг, такрибан ним млн сол мукаддам офарида шудаанд) далели пайдоиши кадимтарин одамоии ибтидои дар худуди Точикистон мебошанд. Материалхо оид ба давраи аввали палеолит (ба давраи точамоати рост меояд) хеле зиёданд. Аз кароргоххои Каротог II (200000 сол пеш) ва Лохути I (130000 сол пеш) ба микдори зиёд олоти санги ёфт шуданд, ки онхо аз дарачаи техникаи офариниши олот аз тарафи кадимтарин ахолии Точикистон маълумот медиханд. Одамони маданияти Хисор дар замони иклими нисбатан мусоид ба худуди имрузаи чануби Точикистон омадаанд (ба замонхои байни яхбахдии Европа рост меояд). Онхо дар сохилхои дарёхо маскун шуда буданд. Хаёт ва муносибатхои ичтимоии хеле одди доштанд. Дар ин замон чамъяяти инсони ташаккул меёфт.

Ташкилотхоя неандерталихое, ки дар терреторияи Точикистон 70—40 хазор сол пеш мезистанд, нисбатан инкишоф ёфта буданд. Онхо магорахоро аз худ карда ба кароргоххои дарозмуддати худ табдил медоданд. Дар яке аз чунин магорахо (Отаиничик), ки дар доманаи каторкухи Себистоя (дар нохияи Дангара) вокест, бостоншиносон зиёда аз 10 хазор олати санги ёфтанд, ки онхо аз хаёти муътадили одамони ин махал шаходат медиханд. Неапдерталихо барои макон суфахои дарбиро низ истифода мебурданд. Масалан кашф шудани чунин маконхо ба монанди Кайроккум (такрибан 100 км кад-кади сохили рости дарёи Сир ёфт шудани микдори зиёди олоти санги) ва Каробура далели онанд.

Дар замони палеолити боло (40—10 хазор сол пеш) инсон ба давраи сохти авлоди кадам ниход. Хаёти ичтимоии одамони палеолити боло (кроманонихо) хеле мураккаб гардид.

Дар Точикистон танхо як кароргохи палеолити боло — Шугнов кашф гардидааст. Хафриёт нишон дод, ки дар ин чо муддати дароз (30—10 хазор сол пеш) макони тобистонии одамони палеолити боло вучуд доштааст.

Давраи мезолит (10—6 хазор сол пеш) нисбатан пурратар омухта шудааст. Ба ин давра хаёти бодиянишиниро аз сар гузаронидани одамон хос аст. Дар давраи мезолит барои гузаштан ба хелхои гуногуни хочагидори шароити мусоид фарохам омад. Одамон гайр аз шикор инчунин ба чамъоварии меваю решахои хурданибоб машгул буданд. Кароргоххои Туткавул, Дараи Шур (холо зери обанбори Норак мондаанд) ваОшхона (дарПомири Шарки) ёдгорихои машхури он замон ба шумор мераванд.

Дар замонхои минбаъдаи Сохти чамоавии ибтидои неолити асри санг ба охир мерасад. Дар хазораи 2 то мелод дар терреторияи Точикистон кабилахои мансуби асри биринчи маскан гирифтанд. Нишонахои тарзи зиндагии онхо дар бошишгоххои сершумори Маданияти Кайрокум боки мондаавд. Ин бошишгоххо ба асри биринчии типи дашти мутаалликанд. Маданияти онро баъзе олимон ба кабилахои муташаккил— пахнкунаядагони азбон ва маданияти хиндуевропои нисбат медиханд. Сохти ташкилотхои ичтимоии ин гуна кабилахо дар ёдгории адабии хинди ба монанди «Ригведа» хеле хуб тасвир шудааст.

Дар чануби Точикистон бошишгоххои Тегузак ва Кангурттут, инчунин кабристонхои тамаддуни Вахшу Бешкент кашф шуданд. Материалхои ёфтшуда дар бораи ду шакли чооводории кучи маълумот медиханд. Дехконии мукими дар ин нохияхо инкишоф наёфтааст. Дар кухистон бошишгоххои шахрчамонанд (чунон ки дар Афгонистон, Туркманистон ва чануби Узбекистон вучуд доштанд) бино наёфтаанд. Нобаробарин тараккиёти таърихи дар замоии сохти авлоди маха дар хамин зохир мегардад.

В. Л. Ранов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …