Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОФИЗМ

СОФИЗМ

sophizma

СОФИЗМ (аз юнони sophizma — бофта, гаюри), сахви гаразноки мантикист, ки хангоми исботи ягон нуктаи дуруг истифода мешавад. Бо Софизм мукаддимахои дуругро касдан хак хисоб карда ва ё талаботи конунхои мантикро риоя накарда, аз онхо хулоса мебароранд. Масалан, «Чизе, ки ту гум накардаи, дори; ту шох гум накардаи, пас, ту шох дори».

Максади истифодаи Софизм: тавассути хулосабарорихои нодуруст, вале аз чихати мантики зохиран дуруст, хак баровардани фикри дуруг. Аз ин ру Софизмро натичаи фироби баркасдона донистан дуруст аст. Барои он ки дар хулосабарори аз Софизмхо пай набаранд, онхоро дидаю дониста бо низоми махсус месозанд. Бинобар ин, муайян намудани дурусти ё нодурустии ин гуна хулосабарорихо баъзан амри мухол аст. В. И. Ленин Софизмро дар мисоли суханони Плеханов дар боби милликунонии замин тахлил намуда, онро далелхои бардуруг ва калимабози номидааст. Бо мафхуми Софизм мафхумхои «софист» ва «софистика» (суфастои) робитаи мазмуни доранд.       Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …