Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОДИКОВ Маъруф Содикович

СОДИКОВ Маъруф Содикович

СОДИКОВ Маъруф Содикович (таваллудаш 21. 12. 1908, дехаи Ругунди Уротеппа), муаррихи советии точик, доктори илми таърих (1976), профессори (1978). Аз оилаи дехкони камбагал. Аъзои КПСС аз соли 1929. Университети коммунистии Осиëи Миёна (1930) ва Университети коммунистии м ехнаткашони Шаркро дар Москва (1936) хатм намуд. Солхои 1925— 27 чонишини раиси «Иттифоки чуфтгарон» дар Уротеппа, 1931—33 котиби Комитети комсомолии райони Кургонтеппа, 1936—38 котиби дуюмии Комитети партиявии шахри Душанбе ва дар баробари ин чонишини мухаррири газетаи «Точикистони Сурх». Солхои 1939—41 лектори Комитети партиявии вилояти Сталинобод, 1941—46 котиби Комитети партиявии вилояти Гарм, 1946—49 шунавандаи Мактаби олии партиявии назди КМ ВКП(б) дар Москва. Солхои 1949—51 инструктори КМ ВКП(б). Солхои 1951—52 чонишини якуми раиси чамъияти республикавии «Дониш». Аз соли 1952 муаллими кафедраи таърихи КПСС-и УДТ. Содиков муаллифи бештар аз 100 макола ва асари илми мебошад. Мавзуи асосии тадкикоти илмиаш тачрибаи таърихии КПСС оид ба сохтмони сотсиализм дар Точикистон мебошад. Бо ордени «Нишони Фахри», медалхо ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.

 

Асархо: Тачрибаи таърихии КПСС оид ба сохтмони сотсиализм дар Точикистон (1917—1959), Душанбе, 1967.  М. Гиёсов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.