Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОДИ ХАНИФ

ШОДИ ХАНИФ

ШОДИ ХАНИФ (Ханифов Шоди; тав. 10.3.1934, дехаи Охалики вил. Самарканд, РСС узбекистон), нависандаи совети точик. Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз с.1964. Шуъбаи тарчмумонии УДТ-ро хатм намудааст (1958). Дар г. «Точикистони совети», Нашриёти «Ирфон», Вазорати Маданияти РСС Точикистон кор кардааст. Аз соли 1986 директори шуъбаи фонди адабии СССР дар Точикистон. Асархояш аз аввалхои солхои 60 чоп мешаванд. Хикояхои аввалинаш барои баччахои таълиф ёфтаанд. (Мачмуам «Майна» 1968). Солхои охир бештар очерк менависад. Дар очеркхои у бештар фотехони водии Вахш («Диловарони Вахш», 1973), мехнати пурсамар ва зиндагии пурфайзи муосирони мо (мач-хои «Дидор» 1974; «Кух ба кух мерасад», 1976) тарранум гардидаанд. Муаллифи повести «Охугузар» (1975). Романи Ш.Х  «Чон ба гарав» (1980)-аз рузгори академик Е.Н.Павловский, повести «Шикасти офат» (1986) аз фуру рехтани кух ба дарёи Зарафшон ва талоши мардум барои бехатар кардани он хикоят мекунад.  Ба калами у инчунин, пьессахои «Домоди шахри» (1976), «Санчиш» (1980), «Мочарои обфуруш» (1986), таалук доранд. Аз с.1975 узви ИН ССР.

Бо ордени «Нишони Фахри» (1986), Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС узб. ва Грамотаи Президиуми Совети олии РСС Точикистон  мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти ИЖ РСС Точ. ба номи Абулкосими Лохути (1987).

Ос.Такяи куллахо. Д.,1984; Чони падар., Д.,1986.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.