Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБОЛЕВ Владимир Степанович

СОБОЛЕВ Владимир Степанович

sobolev-vladimir

СОБОЛЕВ Владимир Степанович (таваллудаш 30. 5. 1908, Луганск, хозира Ворошиловград —2. 9. 1982, Новосибирск), геологи совети, олими сохаи минералогия ва петрография, академики АФ СССР (1958), Кахрамони Мехнати Сотсиалисти. Асархои асосии Соболев бо тадкики чинсхои магмави ва метаморфии платформаи Сибир ва Украина алокаманданд. Соболев дар халли проблемахои минералогияи умуми ва минералогияи силикатхо, петролюгияи назарияви, просессхои хосилшавии минералхо, магматизм ва метаморфизм сахми арзанда гузошт. У яке аз муаллифони харитаи (масштабаш 1: 2500 000) фасияхои метаморфии СССР (1966) ва Европа (1974) мебошад. Соболев аъзоя фахрии чамъиятхои геологии хоричи (Чехословакия, Венгрия, Булгория) ва аз соли 1974 президенти Ассосиатсияи байналхалкии минералогист. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1950) ва ленини (1976). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.