Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБОЛЕВ Сергей Львович

СОБОЛЕВ Сергей Львович

sobolev_sergey_lvovich

СОБОЛЕВ Сергей Львович (таваллудаш 6. 10. 1908, Петербург), математик ва механики совети, академики АФ СССР  (1939; аъзо-корреспондент 1933), Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1968). Аъзои КПСС аз соли 1940. Баъди хатми Университети давлатии Ленинград (1929) аввал дар Институи сейсмологияи АФ СССР, баъд дар Институти математикаи АФ СССР ба номи В. А. Стеклов (1932—43), Институти энергияи атом (1943—57) кор кард. Солхои 1935—57 профессори Университети давлатии Москва. Аз 1957 директори Институти математикаи шуъбаи сибирии АФ СССР ва профессори Университети давлатии Новосибирск. Соболев усули нави халли муодилахои гипероолии хосилахояшон хусусиро пешниход кардааст. Бо хамрохии В. И. Смирнов усули функсионалию инвариантии халли масъалахои динамикии лаппишхои мухити табакавиро кор карда баромад. Мафхуми синфи фазохои функсионалиро чори намуд, ки дар илм бо номи фазои Соболев маъмул шуд. Дар сохаи математикаи хисоббарори мафхуми сарбастани алгоритмхои хисоббарориро баён намуд ва меъёри хатохои формулахои кубатуриро аник муайян кард. Лауреати Мукофотхои давлатии СССР (1941, 1951, 1953). Бо 7 ордени Ленин, ду ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудаасг.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.