Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМИРНОВА Олга Ивановна

СМИРНОВА Олга Ивановна

  СМИРНОВА Олга Ивановна (15. 3. 1910, Петергоф—1982, Ленинград), эроншинос, мутахассиси таърих, сиккашиноси, топографияи таърихи ва топонимикаи Сугд. Аз оилаи хизматчии харби. Институти таърих, филология ва забоншиносии Ленинградро (1934) хатм карда, минбаъд дар Эрмитажи Давлати (1934 —35), Институти шаркшиносии АФ СССР (1935—48) ва Университети Ленинград (1945—47) кор кардааст. Соли 1946 дар тадкики археология, топографияи таърихи ва топонимикаи таърихии Точикистон иштирок намуда, ба корхои иктишофии отрядхои Экспедитсияи археологии Точикистон дар болооби Зарафшон ва атрофи Уротеппа (1947—50) рохбари кард. Смирнова яке аз мухаккикони Хуччатхои калъаи Муг мебошад. Бештар аз 40 сол ба тадкики тангахои Сугд машгул буд. Асархои Смирнова ба халли масъалахои гуногуни сиккашиноси ва таърихи Сугд, масъалахои таърихи иктисодиёт, сиёсат, топография ва топонимикаи таърихи, инчунин картографияи ибтидои асрхои миёнаи Осиёи Миёна ва гайра оиданд. Смирнов муаллифи бештар аз 90 асари илми буда, дар конгрессу конференсияхои байналхалкию регионали, аз чумла дар Конгресси 25-уми байналхалкии шаркшиносон (Москва, 1960) иштирок кардааст. Смирнов дар тайёр намудани кадрхои илмии Точикистон ва Узбекистон сахми арзандае дорад. Бо медалхо мукофотонида шудааст.

 

Асархо: Каталог монет с городища Пенджикент (материалы 1949—56 года.), Москва, 1963; Согдийские документы с горы Муг,

Век 3. Хозяйственные документы (хамрохи М. Н. Воголюбов), Москва, 1963; Очерки из истории Согда, Москва, 1973; Каталог монет с городища Пенджикент (материалы 1957—63 года.), Москва, 1980.

Н. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.